Сайидҳасан Насруллоҳ: Ба пирӯзӣ яқин дорем

Сайидҳасан Насруллоҳ: “Имрӯз умедвортар аз ҳар рӯзе ба пирӯзӣ яқин дорем”

Ахбори байналмилал

Farsnews

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханоне гуфт, ки аз вежагиҳои аслии муқовамат яке ин аст, ки бузургон ва раҳбаронаш ё худ шаҳид шуда ё наздиконашон дар роҳи ҳадафи муқовамат ба шаҳодат расидаанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сайидҳасан Насруллоҳ имрӯз (ҷумъа, 16 феврал) дар суханоне ба муносибати солрӯзи шаҳодати Сайидаббос Мусавӣ, дабири кулли собиқи Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, ки имрӯз умедвортар аз ҳар рӯзе ба пирӯзӣ яқин дорад.

Сайидҳасан Насруллоҳ дар бахше аз суханони худ, ба ҳамалоти ахири муқовамат ва ҳамчунин ҳамалоти режими ишғолгари Қудс пардохт ва гуфт, ки ҳамалоти ахири режими саҳюнистӣ алайҳи ғайринизомиён дар минтақаи Набатия ва Савона рӯйдоди ҷадиде аст, ки бояд ҷилави он гирифта шавад.

Насруллоҳ таъкид кард, ки ҳамла ба ғайринизомиён дар ин ду минтақа барқасд буд, чаро ки Исроил метавонад тавре амал кунад, ки ғайринизомиён мавриди ҳадаф қарор нагиранд.

Ӯ гуфт, ки Ҳизбуллоҳ дар қалби як даргирии воқеӣ дар ҷабҳае ба тӯли беш аз 100 километр ҳузур дорад ва шаҳодати нерӯҳо низ ҷузъе аз ҷанг аст, аммо замоне, ки мавзӯъ ба ғайринизомиён мерасад, барои Ҳизбуллоҳ аз ҳассосияти хоссе бархӯрдор мешавад.

Ӯ хитоб ба режими ишғолгар гуфт, ки Ҳизбуллоҳ ҳадаф қарор додани ғайринизомиёнро таҳаммул намекунад ва душман бояд бидонад, ки аз ин иттифоқ бояд дурӣ кунад.

Насруллоҳ таъкид кард, ки ҳамла ба ғайринизомиён бо ҳадафи таҳти фишор қарор додани муқовамат аст, то Ҳизбуллоҳ даст аз таҳти фишор гузоштани душман бардорад, аммо посухи ин ҷиноят бо густариши доираи даргирӣ хоҳад буд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамалоти рокетии густурда ва ҳамлаи мушакӣ бо мушакҳои “Фалақ” ба шаҳраки Кирёт-Шмона, аввалин посух ба ҷинояти ишғолгарон дар Набатия ва Савона буд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, ки ин гурӯҳи муқовамат мушакҳое дар ихтиёр дорад, ки то Илот дар ҷануби Фаластини ишғолӣ низ мерасанд.

Ҳазинаи сангини таслим

Сайидҳасан Насруллоҳ дар идома дар посух ба амалиёти равонии мухолифони муқовамат дар Лубнон ва минтақа гуфт, ки ҳазинаи таслим ва сар фуруд овардан, бисёр густурда, хатарнок ва газоф ва сарнавиштсоз хоҳад буд.

Ӯ афзуд: “Таслим яъне зиллат, бардагӣ ва таҳқир, оё ин зиллат нест, ки кишварҳое бо ду миллиард ҷамъият мусалмон наметавонанд барои мардуми Ғазза дору ва ғизо таҳия кунанд?”

Сайидҳасан Насруллоҳ ҳамчунин ба амалиёти равонӣ ва расонаии густурда алайҳи ҷунбиши Ҳамос аз 7 октябри 2023 ба ин сӯ пардохт ва гуфт, ки режими Исроил як далел барои дурӯғҳое, ки алайҳи Ҳамос баён мекунад наметавонад ироа диҳад ва агар дар хусуси вақойеъи 7 октябр таҳқиқот сурат гирад, асоси ахлоқ ва қонуне, ки Натонёҳу ва Бойден муддаии он ҳастанд, фурӯхоҳад рехт.

Ӯ ҳамчунин иттиҳомот алайҳи Ҳамосро “шанеътарин навъи фиреб ва иҳонат алайҳи муқовамат” донист.

Насруллоҳ ҳамчунин ба мавозеъи Омрико дар қиболи ҷанги Ғазза ишора кард ва онро “бузургтарин мазҳари нифоқ дар ҷаҳон” тавсиф кард.

Ӯ гуфт, ки агар Омрико ҳимояти таслеҳотӣ ва сиёсӣ ва молиро аз режими ишғолгар бардорад, чӣ Натонёҳу бихоҳад ё нахоҳад, ҷанг мутаваққиф хоҳад шуд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ таъкид кард, ки акнун Омрико беш аз Исроил бар нобудии Ҳамос исрор дорад ва масъулияти ҳар қатра хуне, ки дар минтақа мерезад, Омрико аст ва Исроил сирфан иҷрокунанда аст.

Насруллоҳ ҳадафи аслии Исроил аз ҷанг дар Ғаззаро кӯчи иҷбории фаластиниҳо ва ташкили як кишвари холиси яҳудӣ донист, ба тавре ки аҳли Ғазза ба Миср, каронаи Бохтарӣ ба Урдун ва фаластиниҳои манотиқи 48 низ ба Лубнон кӯчонда шаванд.

Сайидҳасан Насруллоҳ сипас ҳадафи аслии Меҳвари Муқовамат дар минтақаро ёрии Ғазза ва шикасти душман дар таҳаққуқи аҳдофаш унвон кард ва гуфт, ки тамоми пуштибонии низомӣ ва луҷестикӣ барои Ҳамос ва муқовамати Фаластин аст.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар хусуси музокирот мобайни гурӯҳҳои сиёсии фаластинӣ низ гуфт, ки ин як масъалаи дохилии фаластинӣ аст ва Ҳизбуллоҳ дахолате дар ин мавзӯъ намекунад.

Farsnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ифтитоҳи 40-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим дар Эрон
Калидҳои пирӯзӣ ва комёбӣ дар касбу кор

Матолиби пурбоздид