Санадҳои тиҷоратии муҳимме байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба имзо расиданд

Санадҳои тиҷоратии муҳимме байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба имзо расиданд

Ахбори байналмилал

Дар поёни ҳамоиши тиҷорӣ, ки дар чорчуби сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Қазоқистон баргузор шуд, мақомоти ду кишвар тавофуқоте ба маблағи беш аз 2.6 миллиард доллар имзо карданд.

Дар ин ҳамоиши тиҷорӣ, беш аз 200 тоҷиру намояндагони ширкату корхонаҳои мухталифи Тоҷикистону Қазоқистон ширкат доштанд.

Дар ҷараёни ин ҳамоиш, ки дар ибтидои он Сулаймон Зиёзода -муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Серик Жумонгарин -муовини нахуствазири Қазоқистон суханронӣ карданд, вазирони саноъату фанновариҳои навин, кишоварзӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатӣ ва раиси Кумитаи ҳифозат аз муҳити зисти Тоҷикистони фурсатҳову шароити сармоягузорӣ ва ҳамкории байни ду кишвар дар заминаҳои саноъату фанновариҳои навин, кишоварзӣ, ҳифозат аз муҳит зист, содирот, сохти марказҳои логистикӣ ва марказҳои яхлутфурушӣ,ироа карданд.

Ду тараф дар ин ҳамоиши тиҷорӣ тавофуқ карданд, то бо сармоягузории Қазоқистон ширкатҳои тавлидии муштарак дар манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон эҷод кунанд ва тавофуқномаи дароздмуддатеро, ки эътимоду итминони воқеии тиҷорати Қазоқистон барои сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистонро таъйид мекунад, ба имзо расонданд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Робитаи кишварҳои Осиёи Миёна ва Эрон тавсиа меёбад
Русия иддао дорад, ғарб ба Украина ураниуми заифшуда таҳвил додааст

Матолиби пурбоздид