Расонаи исроилӣ: “Бояд шикаст дар Ғаззаро бипазирем!“

Haaretz: “Бояд шикаст дар Ғаззаро бипазирем!“
Ахбори байналмилал
Haaretz
Рӯзномаи исроилии Haaretz имрӯз (сешанбе, 26 декабр) бо интишори ёддоште ба қалами Ҳилел Шокин дар бораи нокомии артиши Исроил дар Ғазза навишт, ки “ҳар рӯзи изофӣ дар ҳамлаи заминӣ, шикастро амиқтар хоҳад кард”.
Дар муқаддимаи гузориши Haaretz омадааст, ки Исроил бояд шикасти худро бипазирад; ин набарде, ки дар Ғазза оғоз шуд, аз 7 октябр шикастхӯрда буд.
Шокин дар идома навишт, ки интизор мерафт, ин набарди ваҳшатнок тайи чанд ҳафта дар натиҷаи фишорҳои байналмилалӣ ба поён бирасад, аммо акнун Исроил дар шароити сахттаре нисбат ба вазъияте, ки дар натиҷаи ҳамлаи Ҳамос ба мо ворид шуд, қарор гирифтааст.
Ин таҳлилгари исроилӣ бо таъкид бар ин ки аз дили шикаст ҳеч дастоварде хориҷ нахоҳад шуд, гуфт, ки мо тайи ин ҳамла ба ҳеч кадом аз аҳдофи эъломшудаи артиш аз ҷумла бозгардондани асирони худ нарасидем.
Вай дар бахши дигаре аз ин ёддошт, ба “коҳиши бесобиқаи ҷойгоҳи байналмилалии Исроил” ишора карда ва навишт, ки ин мавзӯъ равобити Телавив бо кишварҳои дӯсташ, ба вежа Иёлоти Муттаҳидаро таҳдид мекунад.
Нависандаи Haaretz бо баёни ин ки кишварҳои хориҷӣ исроилиҳоро ба унвони беморони ҷузомӣ нигоҳ мекунанд, навишт, ҷойгоҳи мо низ дар баробари кишварҳои минтақа ба шиддат коҳиш ёфтааст.
Шокин, ба даргириҳо дар марзҳои шимолии сарзаминҳои ишғолӣ ҳам ишора ва тасреҳ кард, ки бар хилофи иддаоҳо, ки Ҳизбуллоҳ аз ҳамла ба Исроил боздошта шудааст, Исроил бо як қудрати боздоранда тараф аст.
Гуфтанист, бо гузашти беш аз 80 рӯз аз ҷанг алайҳи Ғазза ва афзоиши фишорҳои байналмилалӣ барои таваққуфи ин ҷиноёт, нахуствазири кобинаи Телавив Бенёмин Натонёҳу ҳамчунон хостори тадовуми ҳамлаи заминӣ аст.
Ҳизбуллоҳи Лубнон тайи рӯзҳои гузашта бо ҳадафи қарор додани таҷаммӯъоти низомиёни исроилӣ дар марз ва ҳамчунин шаҳракҳои шимолӣ, оромиши исроилиҳоро салб ва бар тадовуми ҳамалот то таваққуфи ҷанг дар Ғазза таъкид кардааст.
Haaretz
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вокуниши ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин ба шаҳодати Сайидразӣ Мӯсавӣ
Шаҳодати як женероли Сипоҳи Посдорони Эрон дар ҳамлаи Исроил ба Димишқ

Матолиби пурбоздид