Сарватҳои табиии Тоҷикистон

Ахбори минтақа

Сарватҳои табиии Тоҷикистон

Дар шимоли Тоҷикистон, вилояти Суғд, бузургтарин маъдани нуқра дар ҷаҳон ҷойгир шудааст. Ин маъдан бо номи Конимансур шинохта мешавад.

Инчунин кишвар аз маъдани сангҳои гаронбаҳо бисёр ғанӣ мебошад.

Бар асоси гузоришҳо, Тоҷикистон бештарин захираи урани дунёро дорад. Гуфта мешавад, захираи уран дар кишвар 16%-и захираи ҷаҳониро ташкил медиҳад.

Инчунин Тоҷикистон аз захираҳои тилло, ангишт ва алюминий бисёр ғанӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон 28 маъдани нафту газ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин конҳо, захираи нафт 2,2 млн. тонна ва газ – 3,4 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Тоҷикистон 40 маъдани тиллои фаъол мавҷуд аст ва ҳудуди 85 маъдани дигари тилло шиносоӣ шудааст.

Дар байни маъданҳои фаъол, дар саросари кишвар, аз қабили “Зарафшон”, “Анзоб”, “Апрелевка”, “Пакрут” ва ғайра, “Талко Голд” танҳо ширкатест, ки Тоҷикистон дар он 50 дарсад саҳм дорад ва бақия ҳама бо саҳми 75 то 100% мутааллиқ ба ширкатҳои хориҷӣ мебошад.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тавсиаи робитаҳои Тоҷикистон ва Узбекистон
Нахустин иҷлоси вузарои кишварҳои Осиёи Миёна ва Эрон баргузор шуд

Матолиби пурбоздид