Саргузашти босмачиҳо – IX

Таърих

 

Саргузашти босмачиҳо – IX

Бахши нуҳум

(Ёддоштҳо ва хотираҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон аз қиёми миллӣ-исломии босмачиён дар баробари болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ)

Қиёми босмачиҳо ва англисҳо

Чун болшевикҳо аз таҳрикоти Ангилисистон дар миёни босмачиҳо бисёр сухан мегӯянд, ночорем дар инҷо ба он масъала низ бипардозем. Ҳангоме ки соири муттафиқин дар Сибирӣ ва ангилисҳо дар Туркманистон буданд, ангилисҳо дар Тошканд ва Фарғона ба фаъолият пардохтанд. Ин матлабро оқои Костонйе дар мақолае зери унвони «Туркистон пас аз инқилоби рус» аз китоби худ дар бораи босмачиҳо, ва Этертун (Etherton) — консули Ангилисистон дар Кошғар дар фосилаи солҳои 1918-1922, дар хотироти худ, ки дар соли 1926 дар Ню-йорк ба чоп расондааст, зикр мекунанд.

Сарҳанг (полковник) Бейли (F.M. Bailey) ва сарвон (капитан) Блейкер (L.V.S. Blacker), аз дӯстони Этертун ва аз афсарони артиши Ангилисистон-Ҳинд, дар 18 августи 1918 вориди Тошканд шуда ва бо русҳои сафед робита барқарор карда буданд ва дар моҳҳои октябру ноябр бархе дигар аз афсарон дар Уренбург назди женерол Дутов омада буданд ва иддае низ дар Тошканд буданд. Вале ҳадафи тамоми ин афрод мубориза бо таблиғоти олмониҳо ва туркҳо буд. Онон бо мусалмонон ва нерӯҳои бошқиру қазоқҳо (Олош Урдо) ва ҳамчунин бо босмачиҳо ҳеч гуна иртиботе барқарор накарданд. Баръакс, чекаҳо ва женерол Колчакро ба хусумат бо созмонҳои низомии мусалмонон барангехтанд.

Дар 16 майи ҳамон сол, Осипов, кумисери ҷанг, дар маҷлиси Шӯрои (совети) ТуркЦИК ба намояндаи кумунистӣ, ки иддао мекард: “Нерӯ гирифтани мусалмонони маҳаллии Туркистон хатари бузурге барои русҳост” посух дод: “Агар дар мавқеияти душворе гир кунем, ангилисҳо наҷотамон хоҳанд дод; зеро Ангилиситон нисбат ба масъалаи ҳокимият ёфтани русҳо ё мусалмонон сахт таваҷҷӯҳ доранд.”

Ҳақиқат ин ки Осипов бо ангилисҳо иртибот дошт ва назараш дуруст буд. Дар он рӯзгор сиёсати ангилисҳо ин буд, ки “дар сурате русҳои сурх метавонанд дар Туркистон бошанд, ки онҷо ба дасти русҳои сафед наафтода бошад.” Ба ҳамин далел, Муҳаммадаминбек, бо вуҷуди ин ки афроде ба Кошғар ва Сибирӣ фиристод ва тақозои кӯмак кард, ба натиҷае нарасид.

Аммо дар солҳои 1919-1920, пас аз он ки хатари Туркия ва Олмон аз миён рафт ва маълум шуд, ки таблиғоти болшевикӣ дар Шарқ, бар хилофи тасаввури Дэвид Лойд Ҷорҷ, масъалаи беаҳаммияте нест, имкони тағйири робитаи ангилисҳо бо босмачиҳо пеш омад. Шермуҳаммад дар хотироти худ менависад: “Аъзамхони Ҳиндӣ, ки дар хидмати консул дар Кошғар буд, назди ман омада ва пешниҳоди эҷоди равобит кард ва мо ба намояндагии худ Музаффар Қорӣ ва Абдуссалом Қориро ба Кошғар фиристодем, аммо аз ин сафар ҳеч натиҷае оид нашуд ва намояндагон ҳангоми бозгашт аз Кошғар, ба дасти ҳукумати Чин афтоданд ва наздик буд ба болшевикҳо таҳвил дода шаванд.”

Эҳтимолан эъзоми Аъзамхон низ ба муносибати шойеъоте будааст, ки бар асоси он, қарор буд маъмурони турки болшевикҳо дар Маскав ва Халилпошшо, аз тариқи Норин ба Кошғар эъзом шаванд. Тафсилоти сафари Кошғарро Абдуссалом Қорӣ, ки дар Ҳиндустон ба сар мебарад, барои ман таъриф кард. Ба ҳар ҳол, робитаи консули Ангилис бо босмачиҳо сар нагирифта ва намояндагон дар оғози 1922 ба Фарғона баргашта буданд. Шояд ҳам далели ин кор, омадани Анварпошшо ба Бухорои шарқӣ (Тоҷикистони кунунӣ) ва алам шудани ӯ ба унвони таҳдидкунандае дар муқобили ангилисҳо будааст. Ба ҳар тақдир, иддаои ёрӣ додани ангилисҳо ба босмачиҳо матлабе беасос беш нест.

Дар он замон, маъмурони жопунӣ низ, ки дар Ҷунгориё фаъолият мекарданд, сиёсате мухолифи ангилисҳо ва ҳатто мувофиқи олмониҳо доштанд. Равшанфикрони тотор (Нурӣ ва Валимуҳаммадов, ки ҳар ду даргузаштаанд) ва равшанфикрони қазоқ дар охирҳои 1920, пайкҳои махсусе – ва баъдҳо Ориф Каримиро – ба маркази Ҷамъияти миллии Туркистон эъзом карданд ва моҳияти ин сиёсати Жопун дар атрофи Муғулистон ва Туркистонро эълом доштанд. Ва Ҷамъияти марказӣ низ Ориф Каримиро, ба намояндагӣ, на барои мақсади хоссе, балки “барои муқобила бо ҳар навъ эътимоле”, озими Ғулча сохт, аммо ӯ дар Улё-Ото ба дасти маъмурони амниятӣ (Чека) афтод ва ҳамроҳи Садруддинхони Тошкандӣ зиндонӣ шуд ва пас аз муҳокимаи пурсару садое дар Тошканд, ҳар ду маҳкум шуданд, вале аз зиндон гурехтанд.

Таъбири болшевикҳо аз ин ҷараён ба унвони талош барои эҷоди робита бо консули Ангилисистон дар Кошғар, дурӯғи маҳз буд. Консули Ангилис дар Кошғар, ба солҳои 1922-1924 копитон Эскрин (Eskrin) буд ва ҳамон тавр ки аз асари бузурги мунташиршудаи ӯ ба номи “Осиёи Миёнаи Чин” бармеояд, беш аз сиёсат, бо фолклору дониш сару кор дошта ва ҳеч гуна иртиботе бо босмачиҳо надоштааст.

Идома дорад…

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Қувват дар дараҷаи аввал доштани қуввати илмӣ аст
Даҳ гуфтор – ХХ

Матолиби пурбоздид