Сарзамини Турон
Луқмон Бойматов
Ҳақиқатро набояд пинҳон кард, зеро он танҳо арзиши ҷовидонаи таърих аст. Ва таърихро метавон таҳриф кард, вале наметавон фиреб дод. Сохтакориҳо ва таҳрифоти таърих ва фарҳанги тоҷикон тавассути донишмандон ва муаррихони кишвари Ӯзбакистон нишонаи бориз аз дур шудани фарҳангиён аз русум ва қавонини инкишофи раванди таърихии башарият аст, ки бо камоли таассуф, дар тафсирҳои хосси академисиани ӯзбак А. А. Асқаров ба гунаи возеҳ қобили мушоҳида аст. Зуҳури ҳамчунин падидаи зишту номатлуби шабаҳилм, натиҷаи мустақими хостаҳои куллӣ ва жеополитикии сиёсатмадорони муъосири Ӯзбакистони муосир буда, асли ҳадафаш ҳамвор кардани фазову роҳ барои густариши «деҳои нави пантуркизми модерн дар минтиқа аст. Вале, моҳияти идеулужики пантуркизми ӯзбакӣ, дар муқоиса бо понтуркизм миллатхои дигари туркзабони имрӯзин ин аст, ки агар идеулужики понтуркизми куллӣ алайҳи ҳамаи идеулужикҳои миллатҳои ғайри туркӣ бошад, ҳадафи туркгароии ӯзбакӣ, ҳамоно маҳрум кардани тоҷикон аз асолат ва таърихи воқеъиашон аст.
Бо ин ҳадаф, шаҳсутуни илми таърихнигории муосири Ӯзбакистон А. А. Асқаров, бавижа ба интиқоди назароти илмии донишмандон ва ховаршиносони собиқ шӯравӣ мепардозад. Ӯ мутмаин аст, илми таърихнигории замони шӯравӣ, берун аз шаъни илму дониши воқеъӣ аст. Чуночи, А.А. Асқаров бо таассуф менависад, ки то кунун лаҳзаҳои сиёсии ин равандҳои мураккаби таърихӣ ба дурустӣ мавриди таҳлилу баррасиҳо қарор нагирифтаанд. Ақидае, ки дар илми шӯравии собиқ устувор буд, шохистарин намунае аз ифротгароии идеулужики пониранизми коммунистӣ буд. Тибқи назарияи пониранизми коммунистӣ мардумони эронизабони Осиёи Марказӣ, қабл аз ҳама, тоҷикон аз миллатҳои истисноии таърихии ин минтиқа маҳсуб мешуданд. Ба гуфтаи ин донишманд ифротгароии олимон ба ҳадде буд, ки онон мавҷудияти этноси туркро дар ҳудуди Тӯрони куҳан (Осиёи Марказӣ) инкор мекарданд. Вай барои мардуми ӯзбак батакрору таъкид менависад: «То кунун ҷанбаҳои сиёсии ин равандҳои мураккаби таърихӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор нагирифтаанд, (он замон) ақидае реша давонда буд, ки тибқи он дар ин минтақа танҳо мардумони эронизабон ба сар мебурданд, онҳо (пониронистон – Л. Б.) вуҷуди қабилаҳои туркиро дар ин фазои ягонаи ҳудудӣ ба инобат намегирифтанд ва ҳатто дар Тӯрони қадим мавҷудияти этноси туркро ба кулл инкор мекарданд.» (С. 28).
А.А. Асқаров сареҳан, таъкид менамояд, ки ин нуқтаи назарро пешвоёни таърихнигории шӯравӣ ба зӯр ба илм ҷорӣ намуда ва аз ҷумла, тамомии маводи бостоншиносӣ ва куллии додаҳои палеоантропологӣ дар хидмати ҳамин нуқтаи назар қарор дошт. Гуфта мешавад мавқеъи бартарии ин ақидаро дар илми таърихнигории замони шӯравӣ ёдгориҳои хаттии ақвоми эронизабон, ки аз ҳудуди Осиёи Миёна ёфт шуда буданд, тақвият мебахшид. Ин доншманди ӯзбак бар хилофи ин ки осори хаттии даврони бостони Осиёи Миёна, ба мисли бутун ба забонҳои хоразмӣ, бохтарӣ, суғдӣ ва ғ. ба унвони мерос ва мадорики мӯътамади таърихи аҳолии таҳҷоии ин минтиқаи азим, ки ҳамагӣ эронизабон буданд, мавқеъ гирифта ва шадидан интиқод аз вазъи илми таърихнигории шӯравӣ мекунад. (С. 28).
Ӯ бо интиқод аз назароти илмии ховаршиносони замони шӯравӣ, менависад, ки донишмандони эроншиноси дахсолаҳои ахир дар таҳқиқ ва баррасии баромади этникии халқҳои Осиёи Марказӣ такя бар идеулужики «пониронизм» мекарданд, ҳамвора назарияи комилан дар илм бегонаро дубора эҳё намуда, бо ин амали номатлуби хеш худ ва назароташон боиси эҷоди таҳдидҳо ва шиддати ёфтани ихтилофи миллӣ дар минтақа мешуданд. А. Асқаров бар ин аст, ки тарафдорони «паниронизм» назарияи автохтонизми миллӣ дар амал як «бозии сиёсии улуми инсонӣ-и» даврони шӯравӣ буд, то ба манзури ин ки Осиёи Миёнаро зодгоҳи аслии халҳҳои эронизабон эълом намоянд.
Ин донишманди мӯътариз бо камоли норизоят арз менамояд, ки донишмандони шуравӣ тахрибгарони илманд Вай менависад: «Онҳо («пониронистон»- Л. Б.) асарҳое менависанду нашр мекунанд, ки гӯйӣ, ки туркҳои ӯзбак ин сарзаминҳоро бо зӯрӣ тасарруф карда, сипас ақвоми бумӣ, яъне тоҷиконро ба кӯҳсор рондаанд.» Ин дидгоҳ, аз назари А. А. Асқаров ба кулл хатост. (С. 28).
Иқдоми дигари академисиан А. А. Асқаров дар ҷиҳати матраҳ ва таъйиди назари хеш, бисёр ҷиддӣ ба назар мерасад. Вай ба унвони падари илми бостоншиносии миллат ӯзбак, дар муҳиммтарин бахшҳои китобаш саъй кардааст, то собит намояд, маҳз туркони аҳди бостон мебошанд, ки ҳамеша дар баробари эрониён қарор доштанд. Зимнан, аслитарин далеле, ки ӯ барои исботи назараш матраҳ менамояд, тассавури ғалаташ аст, ки тибқи он гӯиё, сарзамини Тӯрон аз замонҳои моқабл аз таърих макони аслии ақвоми тӯрҳо мебошад, аст. Ба гунаи дигар, дар зеҳни А. А. Асқаров ва ҷонибдорони понтуркизми ӯ, тӯрҳои даврони бостон ҳамагӣ аз нажоди туркӣ будаанд.
Гуфтанист, вожаи “Тӯрон” дар китоби мавриди нақду барраси 57 маротиба, бо таркиботи зайл: «Тӯрон», «Тӯрони ҷанубӣ», «Сарзаминҳои Тӯрон (ҳудуди Осиёи Миёна)», «Тӯрони ғарбӣ», «Тӯрони бостон», «Тӯрони бузург», «Шоҳони Тӯрон», «Тӯрон ва Туркистон», «Тӯрони Ҷануби Ғарбӣ»., «Сакоиҳои Тӯрон», «Пешвоёни Тӯрон», «Дашти Тӯрон» ва ғайра зикр шудаанд.
Ифроти академисиан А. А. Асқаров дар илми бостоншиносӣ, ба андозае бебанд аст, ки аз худшефтагӣ дар соири истилоҳоти даврони бостони Осиёи Марказӣ реша ва осори забони туркиро меҷӯяд. Чунончӣ, вожаи «Силис»-ро, ки номи рудхонаи Сайҳун аст, баргирифта аз забони туркони аҳди бостон медонад ва бар он аст, ки ин вожа ба маънии «оби муссафо», «оби нобу «оби чу гавҳар» бошад. (С. 638).
Ва аммо авҷи парвози тахаёллоти пучу бемаънии А. А. Асқаров дар мавриди поягузорони ҳақиқии имперотурии Ҳахоманишиёни Эрон ошкор мешавад. Ӯ бар хилофи он чӣ, ки дар илми таърих пойдор аст, эълом мефармояд, ки маҳз ақвоми «прототуркӣ» буданд, нахустин пояҳои давлати Ҳахоманишиёнро дар вилояти Порс гузошта ва бо гузашти замон, дар олами ақвоми туркӣ, ки берун аз минтақаи нуфузи давлати Ҳахоманишиҳо монда буданд. Дар идома, таърихи имперотурии Ҳуннҳоро ба унвони мавҷи нави давлатдории «прототуркон»-и замони ҳахоманишӣ мепиндорад. Ин хаёлпардози бузурги таърихи қабоили ӯзбак мӯътақид аст, Имперотурии Ҳуннҳо дар сиёсати дохилии худ ҷиҳати баланд бардоштани рӯҳияи тамомии туркон талош менамуда ва дар сиёсати беруниаш, қасди ваҳдати Тӯрон ва ҷаҳони туркҳоро доштааст. (С. 28).
Махмур аз бодаи шавкати таърихи «прототуркон»-аш А.А. Асқаров мухотабинашро, ки ҳамоно ӯзбаконанд, ба сӯи ифтихороти ҷаъливу бепоя савқ медихад ва мегӯяд, ки ақвоми туркзабони минтиқаи Осиёи Марказӣ ҳамеша мӯътаризи сиёсат ва суннати давлатдории эрониён буданд ва талош барои раҳоии хеш аз таъсири сиёсии ҳукуматҳои Эрон доштанд. Чунончӣ, «Хоқониии туркҳо ва давлати Қарахониён низ ба ҳамин эътиқоди ҳуннҳои аҳди бостон асос ёфтаанд.” (С.28).
А.А. Асқаров бешак, ормони дар зеҳнаш ба хато сохтаашро айни назарияи пухтаву муҳками илмӣ барои ҳамватанонаш мепиндорад. Агарчӣ, шарҳи шахсияти асотирии Афросиёб аз забони ин назарияпардози воломақоми таърихи миллати ӯзбак, бар пояи додаҳои манобеъ ва осори илмии эрониён сурат пазируфтааст, вале афзудаҳои ба истилоҳ «илмӣ»-аш ба монанди як дурӯғи шохдор қобили мушоҳида метавонад бошанд. Ӯ менависад:
“Дар маъхазҳои хаттии туркӣ Афросиёб бо қаҳрамони ҳамосавӣ Алп Эр Тунга (Маҳмуди Кошғарӣ) шиносоӣ мешавад. Ин қиёс аз он сабаб пайдо шудааст, ки ҳардуи ин образ бо Тӯрон алоқаманданд. Дар байни адабиётшиносон олимоне ҳастанд, ки Афросиёбро шахсияти таърихӣ медонанд. Дар воқеъ, Афросиёб маҳсули мифологии тафаккури ибтидоӣ буда, Алп Эр Тунга, ки бо таваллуди давлатдории туркҳо алоқаманд аст, ҳукмрони афсонавй, подшоҳи прототуркҳо, пешвои далер – фатҳкунандаи сарзаминҳо мебошад. Анъанаи мифологй, Қарахониён ва Салҷуқиён пайдоиши сулолаҳои худро бо Афросиёб алоқаманд мекунанд.». (С.625).
Ин гуфтаҳои қотеъонаи академисиани ӯзбак бад-ин маънӣ аст, ки Афросиёби тӯронӣ ба гунаи мустақим маҳсули додаҳои зеҳнии «прототуркон» буда ва сарзамини тӯрониён, ки Тӯрон ном дорад, дар воқеъ хоки аҷдоди ақвоми туркии таърих мебошад, яъне ин назарияпадози ҳангоматалаб хостааст аз асотири эрониёни аҳди бостон таърихи воқеъии «прототуркон» даврони куҳанро барои миллати ниёзманди худ халқ кунад.
Чи кунем, ки ба ҳукми тақдир, Тӯрон cарзаминҳои васеъи шимол ва шимолу шарқии Эрони куҳан аст, ки батадриҷ ба дасти туркон афтодааст. Ғосибони ин хоку бум, ба вижа аз замони подшоҳии Оли туркии Қарахонӣ то давраи заволи аморати Бухоро ҳудуди Фарорӯдро, ки ҳамон Мовароуннаҳр аст, «Мамлакати Тӯрон» ном ниҳоданд, то ба худ ва барои ворисонашон машруъияти таърихӣ бахшанд.
Ин дар ҳама ифротгароиҳо дар ҳолест, ки истилоҳоти «Тӯрон» ва «Афросиёб» ҳеч рабте ба туркон надошта ва надорад. Рабт додани номи Тӯрон ва тӯрониён ба туркон, бузургтарин иштибоҳи масоили ҷуғрофиёи таърихӣ дар илми таърихнигорӣ ва аз зиштарин анахронизми таърихи миллатҳост. Иддаъоҳои пантуркистон, ки Тӯрон ва Туркистон яке аст, аз реша хатост ва ҳарзагӯйиҳои онон ҳаргиз асоси таърихӣ надошта ва ин дид миёни тамомии аҳли илми солеҳ беэътибор аст.
Муроҷиатам ба аҳли илму адабу фарҳанги миллати азизам ин аст:
Ҳамагӣ дар пеши падарону фарзандони худ масъулем. Эрону Тӯронро аз ёд набарем. Ба хотир дошта бошем, ки тӯрониён бародарони эрониён ва аз ариёҳои фарорӯдии куҳани таъриханд. Тӯрону Эрон ду чашми як косаи саранд.
Барои асил будан, бояд ҳарчӣ бештару беҳтар аз Эрону Тӯрони ростин гӯем ва бинависем, зеро ки ҳарфҳоямон, дар воқеъ, тирҳои ҷонкоҳонае бар сиришти дурӯғу амалҳои аҳриманӣ дар таърих хоҳанд шуд.
Омилҳои ҷудосозро канор гузорем ва думболи авомили ваҳдатсоз бошем. Самараҳои рӯҳии аҷдодро бояд шинохт. Кореро бояд анҷом бидиҳем, ки падаронамон натавонистанд анҷом бидиҳанд.
Тӯронро бояд рӯҳи ҷадиде бахшем. Хостан тавонистан аст. Мутмаинан метавонем. Биёед таърихи аҷдодро биёмӯзем ва мероси гаронмояи ононро ҳифз кунем, зеро Тоҷикон меросбарони аслии Тӯрони асотириву таърихианд. Таърихамон он гоҳ оғоз мешавад, ки агар худро бишносем.
Луқмон Бойматов
Қаламонлайн