Сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст

Сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст

Ахбори минтақа

Ба гуфтаи раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон, ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ дар иқтисоди кишвар, дар соли гузашта нисбат ба замони мушобеҳи соли 2021 милодӣ 1,9 баробар афзоиш доштааст.

Саъдии Қодирзода дар ин бора, дар нишасти матбуотӣ аз афзоиши мизони сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар иқтисоди ин кишвар хабар дод.
Бинобар суханони вай, соли 2022 дар муқоиса бо соли 2021 Тоҷикистон 1.9 баробар бештар сармоягузории хориҷӣ дарёфт кардааст ва беш аз 100 санади ҳамкорӣ дар маҷмӯъ ба маблағи 32 миллиард сомонӣ имзо шудааст.
Инчунин Қодирзода – раиси Кумитаи сармоягузорӣ хотирнишон кард: Соли гузашта дар чорчӯби ҳамоишҳои тиҷорӣ ва сармоягузорӣ, ки бо маҳофили сармоягузорӣ ва тиҷории кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Миср, Белгия, Чин, Туркия, Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Русия, Белорус, Амрико, Арабистони Саъудӣ баргузор шуд, барномаи ҳамкориҳо ҳамоҳанг шудаанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Натонёҳу: «Барои маҳори Эрон, бо Арабистони Саудӣ робита барқарор мекунем»
Муқобилаи кишварҳои ғарбӣ бо барномаи Ҷоддаи абрешами Чин

Матолиби пурбоздид