Яке ду ҷумла дар бораи оташбас байни Ҳамос ва Исроил

Таҳлили хабарӣ
Яке ду ҷумла дар бораи оташбас байни Ҳамос ва Исроил
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Яке ду ҷумла дар бораи оташбас байни Ҳамос ва режими кӯдаккуш
Оташбаси муваққати феълӣ байни Ҳамос ва режими кӯдаккуши Исроил ҳанӯз замонаш шурӯъ нашуда – ки бино бар эъломи миёнҷиҳо, (панҷшанбе, 23 ноябр) субҳ будааст – ҳарфу ҳадис алайҳи Ҳамос аз сӯйи афроде, ки қалбан бо Исроиланд, оғоз шуда. Инҳо шурӯъ карданд масалан ба ин ҳарф, ки ҷунбиши Ҳамос ба қимати ҷони 14 ҳазор фаластинӣ, ки бештарашон кӯдак ва зан буданд, мувофиқат карда ба ин ки 150 зан ва навҷавони фаластинӣ аз зиндонҳои Исроил озод шавад. Яъне тараф бо забони безабонӣ манвиёти худро ошкор мекунад.
Аввалан, ин оташбас муваққат аст ва то 5 рӯз ба поён мерасад ва эҳтимол дорад ҷанг аз нав даргирад, ки умедворем чунин нашавад!
Сониян, ин оташбас, бар режими кӯдаккуши Исроил таҳмил шуд; аз тарафи Омрико ва дӯстони урупоияш бар ӯ таҳмил шуд ва Исроил онро бо як кароҳат ва аз сари ночорӣ пазируфт. Ҳамин чанд рӯз пеш, мақомоти исроилӣ аз ҷумла худи Натонёҳу гуфта буд, ки оташбас бо Ҳамос ва мувофиқат бо шурути ин ҷунбиш барои табодули асирон, яъне шикасти Исроил ва пирӯзии Ҳамос.
Солисан, пирӯзии шумо ҳаргиз бо омору арқом нест, ки масалан куштаҳои шумо зиёд ва куштаҳои душман андак бошад. Ҳаргиз чунин нест ва чунин набуд. Одаме, ки пирӯзиро дар лобалои омору арқом мебинад, ӯ ё огоҳ нест ва ё суиният дорад. Агар пирӯзӣ бар асоси омору арқому вайронӣ ва ин ҷур чизҳо мебуд, дар ин сурат бояд дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум фошистҳоро пирӯз ва шӯравиҳоро шикастхӯрда ҳисоб кунем.
Робеъан ва ахиран, Ҳамос фақат як гурӯҳи мусаллаҳ аст ва Исроил як давлати сар то ба по муҷаҳҳаз ба пешрафтатарин ва мудернтарини силоҳҳо ва давлате, ки воҳимаи “қудрат” ва “қувват”-аш гӯшу чашми ҷаҳониёнро пур карда ва гӯӣ “кун фа якун” бошад. Ҳамос бо артиши якчунин давлате, ки пушти сараш абарқудратҳо аз ҷумла Омрико қарор доранд истод ва ҷангид ва зарфи 45 рӯз воқеан биниашро ба хок молид! Исроил ба ҳеч як аз аҳдофаш даст наёфт.
Ин аст пирӯзӣ ва ин аст шикаст, на омору арқом, ки масалан аз фаластиниҳо фалон теъдод кушта шуданд.
Албатта, ҳанӯз кор ба анҷом нарасида ва ба эҳтимоли зиёд 5 рӯзи дигар ҳама чиз аз нав шурӯъ мешавад. Мукаррар арз кардам, набарди ин дафъа, набарди охирин бо ишғолгар аст ва ба зудӣ ҳамаи мо дар Байтулмуқаддас намоз хоҳем гузорид, иншоаллоҳ!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Телавив пас аз 47 рӯз ҷанг, бо тамоми шартҳои Ҳамос тан ба оташбас дод
Кӯмаки 97 миллиард тумонии мардуми Эрон ба Ғазза

Матолиби пурбоздид