Сароб

Адаб

Сароб

Корбен Анри – исломшиноси фаронсавӣ дар китоби “Мулло Садро” ба нақл аз Садриддин Муҳаммад ибни Иброҳим – ҳаким ва файласуфи қарни 11- ум менависад:
Мегӯянд рӯзе Мавлоно Шамси Табрезиро ба меҳмонӣ даъват кард.
Шамс ба хонаи Ҷалолиддин омад ва пас аз онки мизи оростаи ӯро мушоҳида кард, пурсид: Оё барои ман шароб фароҳам намудаӣ?
Мавлоно ҳайратзада шуд ва пурсид:
— Магар шумо шароб мехӯред?
— Бале.
— Аммо ман аз ин мавзӯъ иттилое надоштам.
— Ҳоло, ки фаҳмидӣ, зуд барои ман шароб фароҳам кун.
— Дар ин мавқеъи шаб шаробро аз куҷо ёбам?
— Ба яке аз хидматгоронат бигӯ, ки таҳия кунад.
— Охир бо ин кор обрӯ ва ҳайсиятам аз байн меравад.
— Пас худат бирав ва шароб харидорӣ кун.
— Дар ин шаҳр ҳама маро мешиносанд, чи гуна ба маҳалли насрониҳо биравам ва шароб пурсам?
— Агар ба ман эҳтиром дорӣ, бояд василаи роҳатии маро фароҳам кунӣ, зеро ман бидуни шароб наметавонам таъом бихӯрам, сӯҳбат кунам ва бихобам.
Пас Мавлоно аз сабаби ихлосе, ки ба Шамс дошт, хирқае ба дӯш андохт ва шишаро зери он пинҳон карду сӯи маҳаллаи насрониён раҳсипор шуд.
То қабл аз вуруд ба он маҳалла, касе ба Мавлоно таваҷҷӯҳ намекард, аммо ҳамин ки вориди он шуд, мардум ҳайрат карданд ва ба таъқиби ӯ пардохтанд.
Онҳо диданд, ки Мавлоно вориди майкада шуд, шишаи шароб харидорӣ кард ва сипас онро пиноҳ намуду аз он хориҷ шуд.
Ҳанӯз ӯ аз он маҳалла берун нашуда буд, ки гурӯҳе аз мусалмони сокини онҷо аз қафояш ба роҳ баромаданд. Лаҳза ба лаҳза шумораи онҳо бисёр мешуд. То инки Мавлавӣ ба назди масҷиде расид, ки худ дар он имом буд ва мардум ҳамарӯза ба ӯ иқтидо мекарданд.
Дар ин ҳангом яке аз рақибони Мавлавӣ, ки дар онҷо ҳузур дошт, фарёд зад: Эй мардум, Шайх Ҷалолиддин, ки ҳар рӯз дар намоз ба ӯ иқтидо мекунед, ба маҳаллаи насрониҳо рафт ва шароб харидорӣ намуд.
Он мард чунин гуфт ва хирқаро аз дӯши Мавлоно кашид. Чашми мардум ба шиша афтод.
Он мард идома дод: Ин мунофиқ, ки иддаои зуҳд мекунад, шароб мехӯрад.
Сипас ӯ ба рӯи Мавлоно зарбаи маҳкаме зад, ки дастор аз сараш боз шуд ва ба гарданаш афтод.
Вақте, ки мардум ин саҳнаро диданд, махсусан лаҳзаи сукут ва сарафкандагии Мавлоноро, яқин пайдо карданд, ки ӯ як умр онҳоро бо либоси зуҳд ва тақвои дурӯғин фиреб додааст. Пас онҳо омода шуданд, ки ба Мавлоно ҳамла кунанд ва ӯро ба қатл расонанд.
Дар ин ҳангом Шамс аз роҳ расид ва фарёд зад: Эй мардум, шарм намедоред, ки ба марди мутадаййин ва порсо тӯҳмати шаробхорӣ мезанед? Ин шиша, ки мебинед, пур аз сирко аст, зеро ӯ бо ҳамон сирко таъом тановул мекунад.
Рақиби Мавлоно фарёд зад: Ин сирко не, балки шароб аст.
Пас Шамс сарпӯши шишаро боз кард ва миқдоре аз он дар кафи дасти мардум, аз ҷумла он рақиб рехт ва ба ҳама собит кард, ки даруни шиша чизе ҷуз сирко нест.
Рақиби Мавлоно бар сари худ кӯбиду ба пойи ӯ афтод ва дигарон ҳам дастони Мавлоноро бӯсиданду узр пурсиданд.
Он гоҳ Мавлоно аз Шамс пурсид: Барои чи маро дучори ин фоҷиа намудӣ, ки қариб буд расво шавам?
Шамс гуфт: Барои онки бидонӣ ончи ки ба он менозӣ, ҷуз як сароб нест. Ту фикр мекардӣ, ки эҳтироми як гурӯҳ одамон бароят сармояест абадӣ, дар ҳоле, ки худ дидӣ бо тасвири як шиша шароб ҳамаи он аз байн рафт ва оби даҳон ба рӯят партофтанд ва бар сарат кӯбиданд ва қариб буд, ки ба қатлат мерасониданд.
Пас ба ин сармояе, ки имшаб дар як лаҳза метавонист барбод равад, умед мабанд ва ба чизе муттакӣ бош, ки бо мурури замон ва тағйири авзоъ аз байн наравад.
Дунё дидиву ҳар чӣ дидӣ, ҳеч аст,
В-он низ, ки гуфтиву шунидӣ, ҳеч аст.
Сар то сари офоқ давидӣ, ҳеч аст,
В-он низ, ки дар хона хазидӣ, ҳеч аст.
 Хайём
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷанг акнун шурӯъ шудааст, аммо Натонёҳу аз пеш шикаст хӯрдааст
Сухан бисёр дону андаке гӯй…

Матолиби пурбоздид