Сафари Байрамов ба Тел-Авив барои ифтитоҳи сафорати Боку
Ахбори ҷаҳон
Ҷайҳун Байрамов вазири хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон барои ифтитоҳи сафорати ин кишвар дар Тел-Авив ба Исроил меравад.
Расонаҳои давлатии Озарбойҷон гузориш додаанд, вазири хориҷаи ин кишвар барои дидор бо мақомоти Исроил ба ин кишвар сафар хоҳад намуд. Ин сафар, дар торихи 29-март, ба манзури ифтитоҳи сафорати Озарбойҷон дар Тел-Авив анҷом хоҳад шуд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн