Вазорати хориҷаи Эрон сафири Русияро эҳзор кард

Вазорати хориҷаи Эрон сафири Русияро эҳзор кард

Амирабдуллоҳиён: “Бар сари истиқлол, ҳокимият ва тамомияти арзии Эрон, бо ҳеч тарафе таоруф надорем”

Сафири Русия дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни таъкид бар эҳтиром ба тамомияти арзии Эрон изҳор дошт, маротибро дар асраъи вақт ба Маскав мунтақил хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, ба дунболи матолиби дарҷшуда дар баёнияи поёнии 6-умин даври гуфтугӯҳои роҳбурдии вазирони хориҷаи Русия ва кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс дар хусуси ҷазоири сегонаи эронии Абӯмӯсо, Тунби Бузург ва Тунби Кучак, субҳ имрӯз (чаҳоршанбе, 12 июли 2023) сафири Русия ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор ва маротиби эътирози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба матолиби дарҷшуда дар баёнияи мазкур ба сафири Русия дар ин кишвар иблоғ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар пайи эҳзори сафири Русия ба Вазорати умури хориҷаи ин кишвар тасреҳ кард: “Бар сари истиқлол, ҳокимият ва тамомияти арзии Эрон, бо ҳеч тарафе таъоруф надорем.”

Гуфтанист, нишасти муштараки вузарои умури хориҷаи кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ва Русия дар Маскав баргузор шуд. Дар баёнияи муштараки ин нишаст, дар бораи ҷазоири сегонаи эронӣ матолибе унвон шуд, ки вокуниши дастгоҳи диплумосии Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳамроҳ дошт. Дар ин нишаст аз талошҳои Амороти Арабии Муттаҳида барои роҳи ҳалли мусолиматомез ба манзури ҳалли масъалаи ҷазоири сегонаи Тунби Бузург, Тунби Кучак ва Абӯмӯсо аз тариқи гуфтугӯҳои дуҷониба ва ё маҷомеъи байналмилалӣ ҳимоят шудааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Замони бисёр сахт барои мӯъминон
Тумос Фридман: “Вошингтун бознигарӣ дар равобит бо Телавивро оғоз кардааст”

Матолиби пурбоздид