Сафари Ироқчӣ ба Душанбе

Сафари Ироқчӣ ба Душанбе

Ахбори байналмилал

Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки барои ройзанӣ бо мақомҳои олирутбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе сафар кардааст, дар оғози вуруд, ба дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рафт.

Эмомалӣ Раҳмон: “Робитаи миллати Тоҷикистон ва Эрон, робитае вежа ва мубтанӣ бар маваддат ва дӯстии амиқи таърихӣ аст”

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар дидор бо Сайидаббос Ироқчӣ, вазири хориҷаи Ҷ.И.Эрон, зимни иблоғи саломҳои гарм ба раҳбар ва раиси ҷумҳури Эрон, робитаи миллати Тоҷикистон ва Эронро робитае вежа ва мубтанӣ бар маваддат ва дӯстии амиқи таърихӣ тавсиф кард ва бар зарурати иртиқои ҳар чи бештари муносиботи фимобайни ду кишвар таъкид намуд.

Ба гузориши Исно, Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки барои ройзанӣ бо мақомҳои олирутбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе сафар кардааст, дар оғози вуруд, ба дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рафт.

Дар ин дидор, ки дар Қасри Миллат баргузор шуд, вазири умури хориҷаи Эрон бо иблоғи саломи раҳбар ва раиси ҷумҳури Эрон, ба раиси ҷумҳур ва мардуми Тоҷикистон, бар азми Ҷумҳурии Исломии Эрон барои густариши равобит бо Тоҷикистон дар ҳамаи заминаҳои мавриди алоқаи ду кишвар таъкид кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба пайвандҳои амиқи дӯстӣ ва тафоҳум байни ду миллати Эрон ва Тоҷикистон бавежа забон ва табор ва тамаддун ва таърих ва фарҳанги муштарак, тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон мусаммам аст, ки аз ин муштаракоти арзишманд ва бебадил барои тақвият ва таъмиқи ҳар чи бештари муносибот ва муровидот дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, диплумотик, фарҳангӣ-омӯзишӣ ва дигар арсаҳои мавриди назари ду кишвар ҳадди аксари истифодаро бибарад.

Эмомалӣ Раҳмон низ зимни хайрамақдам ба вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва иблоғи саломҳои гарм ба раҳбар ва раиси ҷумҳури Эрон, робитаи ду миллати Тоҷикистон ва Эронро робитае вежа ва мубтанӣ бар маваддат ва дӯстии амиқи таърихӣ тавсиф кард ва бар зарурати иртиқои ҳар чи бештари муносиботи фимобайни ду кишвар таъкид намуд.

Дар ин дидор, вазъияти равобити дуҷониба ва фурсатҳои пеши рӯ барои тавсиаи равобит мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт.

Ҳамчунин охирин таҳаввулот дар манотиқи перомуни ду кишвар аз ҷумла Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва минтақаи ғарби Осиё баррасӣ шуд ва тарафайн дидгоҳо ва таҳлилҳои худ дар хусуси таҳаввулотро ба иштирок гузоштанд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бовараш бисёр сахт аст
Се хабари ҳафта ва вокуниши ҷомеаи Тоҷикистон

Матолиби пурбоздид