Сафири Эрон дар Тоҷикистон: “Ду кишвар ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсии хубе доранд”

Сафири Эрон дар Тоҷикистон:

“Ду кишвар ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсии хубе доранд”

Ахбори байналмилал

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар поёни баргузории Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон таъкид кардааст, ончӣ акнун муҳим аст, иродаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Тоҷикистон барои тавсиаи равобит дар ҳамаи заминаҳост ва ду кишвар дар чанд соли ахир ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсии хубе доштаанд.

Муҳаммадтақии Собирӣ дар бораи натоиҷи баргузории ҳафтаҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон тасреҳ кард, дар давраи ҷадид барои тавсиаи равобит, рӯйдодҳои ҳафтаи фарҳангӣ бисёр қобили таваҷҷуҳ аст.

Вай гуфт, Ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон пас аз ҳудуди 14 сол ва Ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон пас аз ҳудуди 11 сол баргузор шуд ва бо истиқболи густардаи мардум рӯ ба рӯ шуд.

Собирӣ тасреҳ кард, баргузории Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон ва истиқболи хуби мардуми ин кишвар, нуқтаи шурӯи дигаре барои тавсиаи фаъолиятҳост ва бо таваҷҷуҳ ба иштирокоти фарҳангӣ, баргузории ҳафтаҳои фарҳангӣ натоиҷи худро дар моҳҳои оянда нишон хоҳад дод.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ибратҳое аз торихи Ислом
Амрико беш аз 60 миллион доллар ба бахши амниятии Тоҷикистон кумак хоҳад кард

Матолиби пурбоздид