Сафорати Исроил дар Туркманистон ифтитоҳ шуд

Сафорати Исроил дар Туркманистон ифтитоҳ шуд

Ахбори минтақа

Бо ширкати Куҳен –  вазири умури хориҷаи Исроил, ба таври расмӣ, сафорати Исроил, дар шаҳри Ишқобод – пойтахти Туркманистон ифтитоҳ шуд.

Вазири умури хориҷаи Исроил дар ин бора, дар твиттери худ навиштааст, омадаам то сафорати Исроилро дар 17 километрии марзи Эрон боз кунам!

Инчунин вай дар ин сафар бо раиси ҷумҳури Туркманитсон, вазири умури хориҷа ва вазири кишоварзии ин кишвар дидор ва гуфтугӯ намудааст.

Сардор Бердимуҳаммедов – раиси ҷумҳури Туркманистон дар дидори худ бо Куҳен, таъкид намудааст, ки пайгири ифтитоҳи сафорати худ дар Тел-Авив аст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Панҷ роҳи хушбахтӣ
Сафари Дунолд Лу ба Тоҷикистон ва Қирғизистон

Матолиби пурбоздид