Се гуфтор аз Ибни Ҳазми Андалусӣ

Адаб

Се гуфтор

Се гуфтори калидӣ аз Ибни Ҳазми Андалусӣ

1 – “Гурӯҳе аз фуқаҳо бар ин назаранд, ки набояд ҳеч мусалмоне ба хотири гуфторе дар эътиқод ва ё фатвое такфиру тафсиқ шавад (яъне набояд кофир ё фосиқ дониста шавад); зеро ҳар касе, ки дар як масъала иҷтиҳод карда ва мӯътақид бошад, ки ҳақ ҳамон аст, чунин шахсе, дар ҳар сурат маъҷур (дорои подош) аст; ки агар назараш мутобиқ бо воқеъ буд, ду аҷр насибаш мешавад, ва агар хато бошад (яъне назараш мутобиқ бо воқеъ набошад), дорои як аҷр хоҳад буд. Ва ин назар назари фақеҳоне монанди Ибни Абилайло, Абӯҳанифа, Шофеӣ, Суфёни Саврӣ, Довуд ибни Алӣ (Худо аз ҳамаашон розӣ бошад!) ва бештарин касоне аз саҳоба аст, ки мешиносемашон; ва дар ин масъала сухани мухолиферо суроғ надорем…” (Ал-фасл фил-милал, 3/138, Ашшомила)

2 – “Аҳли ҷаҳл (нодонӣ) ду бор дар умрам маро нохушнуд кардаанд: яке, бо суханони худ дар мавзӯъҳое, ки ворид набуданд он замон ки ман чизе намедонистам. Ва дигар, бо сукути худ дар ҳузури ман (замоне ки медонистам). Асосан, ин ҷамоат ҳамеша аз он чи ба фоида ва нафъашон аст сокитанд ва дар бораи он чи ба зарару зиёнашон аст гӯянда.

Ва аммо аҳли илм ду бор дар умрам маро хушнуду хурсанд кардаанд: яке, бо таълиму омӯзонидани худ замоне ки намедонистам, ва дигар бо баҳсу табодули назари худ замоне ки медонистам.”

3 – “Ҳеч офате бар илм ва аҳли он зиёнбортар аз муддаиёни илм (касоне, ки аҳли он нестанд, вале худро ба он нисбат медиҳанд) нест; зеро ки инон намедонанд аммо гумон мекунанд, ки медонанд. Хароб мекунанд аммо фикр мекунанд, ки ислоҳ мекунанд.”

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳалолият хостан
Нуздаҳ гуфтор аз Луқмон Бойматов

Матолиби пурбоздид