Сипоҳи Посдорон: Маркази хадамоти ширкати Amazon дар Баҳрайн мавриди ҳамла қарор гирифт
Ахбори байналмилал
Сипоҳи Подорони Инқилоби Исломии Эрон:
– Душмани омрикоӣ-саҳюнӣ, ки дар ҷабҳаи ҷанг шикаст хӯрда, на новҳои ҷангиаш ҷуръат доранд аз ҳазор километрии тангаи Ҳурмуз наздиктар биёянд ва на шаҳомати онро доранд, ки ваъдаҳои мукаррари ҳамлаи заминиро амалӣ кунанд.
– Дар муқобили терурҳои рӯзи гузашта, дар аввалин иқдом алайҳи ширкатҳои фанноварии ҷосусӣ ва терурист, Маркази хадамоти ширкати Amazon дар Баҳрайн мавриди ҳамла қарор гирифт ва тахриб шуд ва тибқи баёнияи худи ин ширкат, дар ҳоли хуруҷ аз минтақа ҳастанд.
– Дар сурати идомаи терурҳо, ширкатҳои баъдиро, ки қаблан эълом кардаем, хеле шадидтар танбеҳ хоҳем кард.
– Ин мавҷ идома дорад, то идии хубе барои саҳюнистҳои терурист ва саффок рақам бизананд ва навозише хуб ба бозори саҳом ва нафт бидиҳад.
(Хабаргузории Форс)
Қаламонлайн













