Сипоҳ: Душман бояд ҳатман ҳамла ба Лубнонро мутаваққиф кунад!

Сипоҳ: Душман бояд ҳатман ҳамла ба Лубнонро мутаваққиф кунад!

Ахбори байналмилал

Сипоҳ: “Душман мебоист фаврӣ ҳамалоти худро ба Лубнон мутаваққиф кунад!”

Сипоҳ дар пайи ҳаводиси ахири Лубнон баёнияие содир ва таъкид кард: шарти аввалии мо барои пазириши оташбас дар ҷанги минтақаӣ, оташбас дар тамомии ҷабҳаҳо аз ҷумла Лубнон будааст. Душман мебоист бо фаврият ҳамалоти худ ба мардуми Лубнонро мутаваққиф кунад ва сареъан бо тахлияи сарзаминҳои ишғолшудаи Лубнон, ба пушти марзҳои байналмилалӣ ақибнишинӣ намояд ва тамомияти арзии Лубнонро ба расмият бишносад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар пайи ҳаводиси ахири Лубнон баёнияе содир кард.

Сипоҳи Посдорон дар ин баёния Лубнонро сарзамини шараф ва каромат номид ва таъкид кард: “Ин сарзамин камокон зери ҳуҷуми ваҳшиёнаи режими ғосиби саҳюнистӣ аст. Мухолифатҳо ва ибрози инзиҷори ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳо ва миллатҳои ҷаҳон ҳеч таъсире бар рафтори ҳокимони хуношоми Телавив надошта ва аз мудохилоти режими мустакбири Омрико бо иддаои барқарории сулҳ, ҷуз афзоиши ҷиноят ва наслкушӣ натиҷае дида намешавад.”

Ин баёния меафзояд: “Артиши буздил ва нотавони саҳюнӣ бо он ҳама созу барг, шикастҳои худ дар ҷабҳаҳоро бо куштори ғайринизомиён ва вайрон кардани хонаҳо ва бемористонҳо ва мадорис ҷуброн мекунад, режими нажодпарасте, ки бо вуҷуди пуштибонии бепоёни Омрико ва давлатҳои урупоӣ дар тӯли умри нангини худ ҳатто натавониста дили мардуми як рустои ишғолиро ба даст оварад ва ҳунари ӯ пайваста ҳукумат бар сарзаминҳои сӯхта аст ва ҳар рӯз шоҳиди вайрон кардани хонаҳои мардуми мазлуми Фаластин ва Лубнон ба дасти он режими мутаҷовиз ҳастем.”

Дар бахши дигаре аз ин баёния бо таъкид бар ин ки миллатҳои минтақа мардуми Лубнонро танҳо нахоҳанд гузошт, меафзояд: “Миллати Лубнон иҷоза намедиҳанд он чиро, ки режими ғосиб натавониста дар ҷанг ба даст оварад, бо ҳимояти режими кӯдаккуши Омрико бо қарордоди таҳмилӣ ба даст оварад. Шарти аввалии мо барои пазириши оташбас дар ҷанги минтақаӣ, оташбас дар тамомии ҷабҳаҳо аз ҷумла Лубнон будааст. Душман мебоист бо фаврият ҳамалоти худ ба мардуми Лубнонро мутаваққиф кунад ва сареъан бо тахлияи сарзаминҳои ишғолшудаи Лубнон, ба пушти марзҳои байналмилалӣ ақибнишинӣ намояд ва тамомияти арзии Лубнонро ба расмият бишносад.”

Ин баёния дар поён ёдовар мешавад: “Миллати Лубнон ифтихори уммати ислом ва намоди шарофати миллатҳои минтақа аст ва ҳамаи мо бо тамоми вуҷуд аз онҳо ҳимояти хоҳем кард ва ҳеч оромише дар минтақа бидуни ақибнишинӣ аз манотиқи ишғолии Лубнони барқарор нахоҳад гардид.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Яман: Дар канори Амрико будан зиллат аст!
Оташсӯзӣ дар нови ҳавопаймобари амрикоӣ

Матолиби пурбоздид