СММ давлати Толибонро ба расмият нашинохтааст

Ахбори минтақа

СММ давлати Толибонро ба расмият нашинохтааст

Ахбори байналмилал

Созмони Милали Муттаҳид дархости Толибон дар мавриди муқаррар намудани курсӣ ба намояндаи ин давлатро рад намуд.

Чанде пеш, давлати Толибон Суҳайли Шоҳинро барои тасаддии намояндагии ин давлат ва кишвари Афғонистон муаррифӣ намуда буд, ки бо радди СММ рӯбарӯ шуд ва намояндаи пешини Афғонистон – Насир Аҳмад Фоиқ дар ин курсӣ боқӣ монд.

Толибон дар ҳоле дархости курсии Афғонистон дар СММ-ро додааст ки бо вуҷуди таъкиди ҷомеаи ҷаҳонӣ, Толибон ҳанӯз тамоюле барои ташкили давлати фарогир дар Афғонистон нишон надодааст ва ҳамчунон бар инҳисоргароӣ дар қудрати худ таъкид мекунад.

Ба ҳамин далел, аз назари СММ, давлати  Толибон ба унвони як давлати миллӣ ва фарогир салоҳияти соҳиб шудан ба курсии Афғонистон дар ин ниҳоди байналмилалро ба даст наовардааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикояте аз Анушервони Одил
Бо пешниҳоди Тоҷикистон; соли 2025 – “Соли ҳифозат аз пиряхҳо” эълом шуд

Матолиби пурбоздид