Созмонҳои мухолифи тоҷик аз Тромп дархости мусоидат карданд

Созмонҳои мухолифи тоҷик аз Тромп дархости мусоидат карданд

Ахбори минтақа

Се созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аз Доналд Тромп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дархост карданд, ки барои поён додан ба саркӯби сиёсӣ, озодии фаврии зиндониёни сиёсӣ ва оғози гуфтушунидҳои миллӣ дар Тоҷикистон мусоидат намояд.

Дар изҳороти муштараке, ки аз ҷониби «Ҷунбиши ислоҳот ва рушд», «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» ва «Ҳаракати ислоҳталабон», ки дар кишварҳои аврупоӣ фаъолият доранд, нашр шудааст, таъкид мегардад, ки вазъи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ба марҳилаи нигаронкунанда расидааст.

Ин изҳорот дар ҳоле интишор ёфтааст, ки қарор аст Доналд Трамп дар доираи як нишасти сатҳи олӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон — раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мулоқот анҷом диҳад. Созмонҳои мазкур изҳори умед кардаанд, ки ин мулоқот ба як фурсат барои баррасии ҷиддии масъалаҳои ҳуқуқи башар, демократия ва озодии сиёсӣ дар Тоҷикистон табдил меёбад.

Дар баёния омадааст, ки озодии зиндониёни сиёсӣ, қатъи фишор ба афроди дорои андешаи мухолиф, ва барқарор кардани муҳити муколамаи миллӣ танҳо роҳи расидан ба сабот ва пешрафти воқеии ҷомеаи тоҷик аст.

Ин созмонҳо аз ҷомеаи байналмилалӣ ва бахусус Иёлоти Муттаҳида хостаанд, ки барои пуштибонӣ аз арзишҳои демократӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иқдомҳои муассир анҷом диҳанд.

Бояд ёдовар шуд, ки бархе таҳлилгарон ва коршиносон аз иқдоми созмонҳои мазкур интиқод намуда гуфтаанд, итизори доштан аз Доналд Тромп кори саҳеҳ ва дурусте нест, зеро Тромп собит намудааст, ки худ тарафдори хушунат ва бадрафторӣ ва шахсе пойбанд ба ҳуқуқи башар ва саботу пешрафти ҷомеаҳо нест.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тақвияти равобити диплумосӣ миёни Тоҷикистон ва Баҳрайн
Наметавон Путинро сокит кард

Матолиби пурбоздид