Тамаддун ва таваҳҳуш

Тамаддун ва таваҳҳуш

Мутамаддин ва мутаваҳҳиш

Мутамаддин яъне бофарҳанг ва ботамаддун. Ва мутаваҳҳиш яъне бефарҳанг, ваҳшӣ ва дур аз тамаддун.

Оё боваратон мешавад, касоне ҳанӯз будаанд – ва тоза, иддао доранд, равшанфикру зиёиву аз ин қабил алқобу ановинанд – ки мутамаддин аз назари онҳо касест, ки зоҳираш ороста аст. Агар мард аст, шиму кастюми шику галстук бар тан ва чеҳра ва сураташро низ покиза тарошида ва хулоса, дорои зоҳире бисёр ороста аст. Ва агар зан ва бонуст, қатъан зане аст сатру ҳиҷоб надорад.

Аммо мутаваҳҳиш аз диди ӯ яъне марде, ки риш дорад, салла ба сар карда ва агар зан аст, ҳиҷоб пӯшида.

Тараф, тасвире гузошта дар сафҳаи худ аз акси мардону занони ба зоҳир ороста ва гуфта, мо чунин тамаддуне доштем! Сипас дар канори он, акси чанд марди ришдору занони боҳиҷоб гузошта ва гуфта, инак мо инем ва мутаваҳҳишем!

Ба сухани дигар, ба назари ӯ, зоҳири инсон кофӣ ва басанда будааст, то бигӯем, ӯ мутамаддин аст ё мутаваҳҳиш. Аммо ин ки дар мухаш чист, ҷаҳонбинии ӯ чӣ гуна аст, ингор инҳо матраҳ нест.

Зоҳирбин, ки мегӯянд, яъне ҳаминон.

Нахандед, якчунин одамҳое будаанд ва андак ҳам набудаанд, зиёду фаровон ёфт мешудаанд. Аламовараш ин аст, ки бисёр пурмуддао ҳастанд.

Худо раҳмат кунад Иқболро, ки гӯяд:

Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,

Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.

Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст,

Не зи урён соқу не аз қатъи мӯст.

Муҳкамӣ ӯро на аз лодинӣ аст,

Не фурӯғаш аз хати лотинӣ аст.

Қуввати Афранг аз илму фан аст,

Аз ҳамин оташ чароғаш рӯшан аст.

Ҳикмат аз қатъу буриди ҷома нест,

Монеи илму ҳунар аммома нест.

Илму фанро, эй ҷавони шӯху шанг!

Мағз мебояд на малбуси фаранг.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пирӯзии мӯъмин
Чаро гоҳе истиҷобати дуо ба таъхир меафтад?

Матолиби пурбоздид