Таъкиди Фаластин ва Узбекистон бар рушди робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ
Ахбори байналмилал
Дар нишасте мақомоти Фаластин ва Узбекистон бар ҳамкориҳои дуҷониба дар чорчуби барномаҳои СММ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ таъкид намуданд.
Дар мулоқоти Баҳромҷон Алоев мувоини вазири корҳои хориҷаи Узбекистон ва Ҷавод Муҳаммадавод сафири Фаластин дар Тошканд, чашмандози рушди равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, бозаргонӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардид.
Сафири Фаластин устуворномаи худро 12-апрел тақдими раиси Ҷумҳурии Узбекистон кард.
Лозим ба зикраст, ки Фаластин истиқлолияти Узбекистонро дар 30-декабри соли 1991 ба расмият шинохта ва аз 25-сентябри соли 1994 равобити дипломотики ду кишвар барқарор шудааст.
Қаламонлайн