Таъсири мустақими низомҳои худкома бар ахлоқи ҷомеа
Маҳмудхон Бурҳонов
Вақте роҳи табиии расидан ба арзишҳои инсонӣ баста мешавад ва фурсати андешаи озод ва имкони интиқоди созанда ва умед ба адолат аз инсон гирифта мешавад, ҷомеа ё гирифтори тафрит мешавад ва ба хӯи ҳайвонӣ рӯй меоварад, ё дучори ифрот мешавад ва ба дарраи нақшаҳои шайтонӣ меафтад…
Низомҳои худкома ва ахлоқи ҷомеа
Инсон мавҷудест иҷтимоӣ, яъне вуҷуд ва бақои навъи инсон дар гарави зиндагии дастаҷамъии ӯ мебошад. Ин иҷтимоъ аз ниҳоди кӯчаки хонавода оғоз ва то иҷтимоъҳои бузургу бузургтар, ҳамчун шаҳр ва кишвар, кашида мешавад.
Вобастагии инсон ба ҷомеа, фақат аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳаёти моддӣ нест, балки ҳамаи ҷанбаҳои вуҷуди инсон вобаста ба ҷомеа ва муҳити зистӣ ва иҷтимоии ӯст.
Яке аз ҷанбаҳои таъсирпазир аз муҳит ва ҷомеа, ҷанбаи ахлоқии инсон аст. Дар воқеъ метавон ҷомеаро ба зарфе ташбеҳ кард, ки хулқу хӯи инсон мутаносиб бо қолиби он шакл мегирад. Бинобар ин, навъи сохтор ва низоми сиёсӣ на фақат дар иқтисод ва зиндагии моддии мардум таъсиргузор мебошад, балки ба ҳамон мизон ва ҳатто бештар, дар фарҳанг ва ҳаёти маънавии мардум таъсир мегузорад.
Зеро ҳар миқдор, ки низоми сиёсӣ мардумсолор ва масъулин ба раъйи мардум вобаста бошанд, эътимоди мардум ҳам ба масъулин ба ҳамон миқдор хоҳад буд. Ва ҳамин тавр аз он тараф, хидмат ва садоқати масъулин ба мардум низ, ба мизони вобастагии онҳо ба раъйи мардум хоҳад шуд. Дар натиҷа, ҳар миқдор мардум ба ҳукумат ва масъулин ва намояндагони худ эътимод дошта бошанд, ба ҳамон миқдор қонунмадор хоҳанд буд. Ва ҳар миқдор мардум қонунмадор бошанд, ҷурму ҷиноят дар ҷомеа коҳиш хоҳад ёфт.
Ин зоҳири қазия ва ҷанбаи пайдои таъсиригузории вазъи сиёсӣ бар рафтори ҷомеа аст. Вале агар диққат бикунем, хоҳем фаҳмид, ки қонуншиканӣ ва ҷурму ҷиноят, реша дар ҳолоти руҳӣ-равонии ҷомеа дорад.
Тавзеҳи матлаб ин ки: дар ҳолати оддӣ инсонҳо табиатан, ба ростиву дурусткорӣ, ба адолату инсоф, ба хубиву зебоӣ ва куллан арзишҳои ахлоқӣ гароиш доранд, магар ин ки монее сари роҳи ин арзишҳо қарор бигирад, то инсонҳо кам-кам ба фикри роҳи чораи дигаре биафтанд. Яке аз бузугтарин мавонеъ бар сари роҳи арзишҳои инсонӣ, низомҳои худкомаи сиёсӣ мебошад. Зеро дар якчунин фазое на фурсате барои андешаи ошкор ҳаст, на имконе барои интиқоди созанда ва на умеде барои адолат. Дар натиҷа ду роҳ бештар барои ҷомеа боқӣ намемонад, ки ҳар ду ба навъе муғойир бо эътидоли ахлоқӣ ва руҳӣ-равонии инсонӣ аст. Зеро ё ҷои андешаи инсониро ангезаи ҳайвонӣ ва ҷои интиқодро тамаллуқ ва чоплусӣ мегирад, ки дар ин сурат ба лиҳози зоҳирӣ амнияту осоиш насибат мегардад, вале ба лиҳози воқеӣ барои ҳамеша аз амнияту осоиши ахлоқӣ ва виҷдонӣ маҳрум мешавӣ; ё ин ки ҷои андешаи озоду ошкорро нақшаҳои пинҳон ва ҷои интиқоди созандаро ҳисси интиқоми сӯзанда мегирад. Дар ин сурат агарчӣ инсон гумон мекунад тан ба ангезаҳои ҳайвонӣ надода ва по рӯи арзишҳои инсонӣ нагузоштааст, вале чи басо гирифтори бадтар аз он бишавад ва дучори васвасаҳои шайтонӣ гашта ва ба нақшаҳои интиқомҷӯёнаи ваҳшонӣ биафтад.
Ҳамон тавре ки мулоҳиза мекунед, вақте роҳи табиии расидан ба арзишҳои инсонӣ баста мешавад ва фурсати андешаи озод ва имкони интиқоди созанда ва умед ба адолат аз инсон гирифта мешавад, ҷомеа ё гирифтори тафрит мешавад ва ба хӯи ҳайвонӣ рӯй меоварад, ё дучори ифрот мешавад ва ба дарраи нақшаҳои шайтонӣ меафтад.
Бинобар ин, чигунагии сохтори сиёсӣ беш аз он ки ба зиндагии зоҳирӣ ва ҷанбаи иқтисодии ҷомеа таъсиргузор бошад, ба лиҳози руҳӣ-равонӣ ва ҷанбаи ахлоқии ҷомеа таъсиргузор аст.
Маҳмудхон Бурҳонов
Mizonblog
Қаламонлайн