Тақво ва озодӣ

Адаб

Тақво ва озодӣ

Лозимаи ин ки инсон аз зиндагии ҳайвонӣ хориҷ шавад ва як зиндагии инсонӣ ихтиёр кунад ин аст, ки аз усуле муайян ва мушаххас пайравӣ кунад ва лозимаи ин ки аз усули муайян ва мушаххасе пайравӣ кунад ин аст, ки худро дар чаҳорчӯби ҳамон усул маҳдуд кунад ва аз ҳудуди онҳо таҷовуз накунад ва он ҷо, ки ҳавову ҳавасҳои онӣ ӯро таҳрик мекунад, ки аз ҳудуди худ таҷовуз кунад, худро “нигаҳдорӣ“ кунад. Номи ин “худнигаҳдорӣ”, ки мусталзими тарки умурест тақво аст.

Набояд тасаввур кард, ки тақво аз мухтассоти диндорӣ аст аз қабили намоз ва рӯза, балки тақво лозимаи инсоният аст. Инсон агар бихоҳад аз тарзи зиндагии ҳайвонӣ ва ҷангалӣ хориҷ шавад, ночор аст, ки тақво дошта бошад. Дар замони мо мебинем, ки тақвои иҷтимоӣ ва сиёсӣ истилоҳ кардаанд. Чизе, ки ҳаст, тақвои динӣ як улувв ва қадосат ва истеҳкоми дигаре дорад ва дар ҳақиқат танҳо рӯйи пояи дин аст, ки метавон тақвои мустаҳкам ва бомабно ба вуҷуд овард. Ва ҷуз бар мабнои муҳками имон ба Худо, наметавон бунёни мустаҳкам ва асосӣ ва қобили эътимод ба вуҷуд овард. Дар ояте, ки аввали сухан қироат кардам, мефармояд:

أَفَمَنْ أَسَّسَ بُنْيَانَهُ عَلَى تَقْوَى مِنَ اللَّهِ وَرِضْوَانٍ خَيْرٌ أَمْ مَنْ أَسَّسَ بُنْيَانَهُ عَلَى شَفَا جُرُفٍ هَارٍ

Оё он кас, ки бунёни хешро бар мабнои тақвои илоҳӣ ва ризои ӯ бино карда беҳтар аст ё он ки бунёни хешро бар партгоҳи сусти мушриф бар оташ қарор додааст?

Ба ҳар ҳол тақво аъамм аз тақвои мазҳабӣ ва илоҳӣ ва ғайра, лозимаи инсоният аст ва на худ ба худ мусталзими тарк ва иҷтиноб ва гузаштҳое аст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин матлаб хусусан бо дар назар гирифтани ин ки дар забони пешвоёни бузурги дин, аз тақво ба ҳисор ва ҳисн ва амсоли инҳо таъбир шуда, мумкин аст касоне, ки бо номи озодӣ хӯ гирифтаанд ва аз ҳар чизе, ки бӯйи маҳдудият бидиҳад фирор мекунанд, чунин тасаввур кунанд, ки тақво ҳам яке аз душманони озодӣ ва як навъ занҷир аст барои пойи башар.

(Даҳ гуфтор; Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муҳаббат ва дӯст доштан
Шинохте дубора аз Макиавеллӣ

Матолиби пурбоздид