Таҷриба ва ақл дар фалсафаи Ибни Сино
Ибни Сино; файласуфи таҷрибагаро ё ақлгаро?
Маҳфили андеша
Маърифатшиносӣ ба масобаи як дониш ва шохаи илмӣ дар фалсафаи исломӣ матраҳ набудааст, вале ба фарохӯри мабоҳиси вуҷудшинохтӣ, аз мабоҳиси (ба истилоҳи имрӯзӣ) маърифатшиносӣ низ сухан мегуфтанд.
Ҳарчанд рӯйкарди ақлгароӣ ва таҷрибагароӣ дорои милокҳои чанде аст, вале қадри мусаллам ин аст, ки ин баҳсу тақсим аз мабоҳиси ҷадиди маърифатшиносӣ аст ва чунин истилоҳоте, бо раҳёфти матраҳ дар маърифатшиносӣ, дар тафаккури фалосифаи исломӣ роиҷ набудааст. Дар айни ҳол ин масъала дар боби тафаккурашон қобил тарҳ аст, ки бар кадом тариқ будаанд: таҷрибагароӣ ё ақлгароӣ?
Он чи маъруф ва машҳур аст ин аст, ки онҳо файласуфони ақлгароянд ва Ибни Сино низ чунин аст. Дар ин таҳқиқ чаҳор милок барои ақлгаро ё таҷрибагаро будан баён шудааст:
1) вуҷуд ва адами идрокоти фитрӣ;
2) ба лиҳози абзори касби маърифат;
3) ба лиҳози хостгоҳи тасдиқ;
4) вуҷуд ва адами тасдиқоти таркибии пешинӣ.
Сипас бо муроҷеа ба ибороти Ибни Сино, ақлгаро ё таҷрибагаро будани дастгоҳи маърифатии вайро бар асоси ҳар меъёр баррасӣ карда ва дар ниҳоят ин фарзияро қувват бахшидааст, ки: на ба таври куллӣ, балки дар аксари милокҳо, вай ба таҷрибагароӣ мутамоилтар аст, то ақлгароӣ.
Аз ин рӯ, метавон ба ҷамъи ин ду дидгоҳ, яъне “асолати ақл ва таҷриба” дар тафаккури Ибни Сино раъй дод…
Қаламонлайн