Тирандозии навҷавонон ба ҳамдигар дар Амрико

Тирандозии навҷавонон ба ҳамдигар дар Амрико

Ахбори ҷаҳон

Ба гузориши Осушейтед Пресс, дар тирандозӣ, дар як муҷтамаи маскунӣ, дар Амрико, ду писари навҷавон ҷон бохтаанд.

Дар тирандозӣ дар як муҷтамаи маскунӣ, дар иёлати Ҷурҷиёи Амрико, ду писари навҷавон кушта шудаанд ва се тани дигар низ захмӣ шудаанд.

Пулиси Амрико эълом кардааст, кушташудаҳо навҷавони 14 ва 16 сола будаанд ва захмишудагон низ, писарбачаи 11 сола ва як духтарбачаи 15 мебошанд.

Муовини пулиси Атланта, Чарлз Ҳимптун дар ин бора гуфтааст: Ин низоъ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар интернет оғоз шуда ва ба тирандозӣ ва дар ниҳоят ба қатл поён ёфтааст.

Чарлз Ҳимптун инчунин гуфтааст: Дар ин ҳодиса, гурӯҳе аз навҷавонон бо силоҳи гарм вориди муҷтамаи маскунӣ шудаанд ва гурӯҳи дигар низ бо силоҳҳои худ, ба самти онҳо тирандозӣ кардаанд.

Ҳемптун мегӯяд: Ин хушунат ибтидо аз як воҳиди маскунӣ оғоз шуда ва сипас ба берун аз хона кашида шудааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Одамӣ аз хештан ғофил аст
Русия НАТО-ро ба унвони як ниҳоди байналмилал намешиносад

Матолиби пурбоздид