Толибон: Ба озодии комили расонаҳо таъкид дорем

Толибон: Ба озодии комили расонаҳо таъкид дорем

Ахбори байналмилал

Намояндагони Вазорати иттилоот ва фарҳанги ҳукумати толибон дар маросими гиромидошти Рӯзи ҷаҳонии матбуот, дар Кобул, бар озодии матбуот дар чорчӯби арзишҳои исломӣ ва миллӣ таъкид намуданд.

Вазорати иттилоот ва фарҳанги ҳукумати Толибони Афғонистон дар маросиме, ки дар Маркази иттилоот ва расонаҳои ин ҳукумат дар Кобул баргузор шуд, аз Рӯзи ҷаҳонии озоди матбуот таҷлил кард.

Дар ин маросим, ки намояндагони ниҳодҳои мухталиф, расонаҳо ва хабарнигорони Афғонистон низ ҳузур доштанд, Мавлавӣ Атиқуллоҳи Азизӣ, муовини фарҳанги Вазорати иттилоот ва фарҳанги Толибон гуфт: Ин ҳукумат ба озодии комили матбуот дар чорчӯби арзишҳои исломӣ ва миллӣ мутааҳҳид аст.

Азизӣ афзуд, ки масъулони  Вазорати фарҳанг ба манзури ҳалли мушкилоти расонаҳо, пайваста бо намояндагони расонаҳо дидор мекунанд.

Инчунин таъкид намуд: Вазорати иттилооту фарҳанг талош мекунад то доманаи фаъолияти расонаҳоро густариш диҳад.

Вай гуфт: Дар ҳоли ҳозир 373 расона дар кишвар фаъол ҳастанд, ахиран 20 расона, ки қаблан фаъолияти худро мутаваққиф карда буданд дубора фаъолияти худро аз сар гирифтаанд.

Ҳуҷаттулоҳ Муҷаддидӣ, раиси Иттиҳодияи рузноманигорони озоди Афғонистон ҳам дар ин нишаст гуфт: Дар натиҷаи ҳамоҳангии хуб ва кори муштарак бо Вазорати иттилоот ва фарҳанг, бисёре аз мушкилоти расонаҳо дар дастрасӣ ба иттилоот ҳал шудааст.

Аммо аз назари коршиносони минтақаӣ, ин иддаои толибон ҳануз дар амал собит нашудааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Халтаи чакка
Илҳом Алиев: Осиёи Миёна ва Озарбойҷон дар оянда бештар якпорча хоҳанд шуд

Матолиби пурбоздид