Шаҳодати Солеҳ ал-Орурӣ, ноиби Исмоил Ҳаниа

Шаҳодати Солеҳ ал-Орурӣ, ноиби Исмоил Ҳаниа
Ахбори байналмилал
Аlmayadeen
Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Солеҳ ал-Орурӣ, ноиби Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, дар ҳамлаи сешанбешаби режими саҳюнистӣ ба Зоҳияи ҷанубии Бейрут ба шаҳодат расид.
Манобеъи расонаӣ сешанбешаб (2 январ) аз вуқӯъи як инфиҷори қавӣ ва ҳамлаи паҳподии режими саҳюнистӣ ба Зоҳияи ҷанубии Бейрут хабар доданд ва хабаргузории Лубнон ҳам гузориш дод, ки дар натиҷаи ин ҳамла, чаҳор нафар шаҳид ва шуморе дигар ҳам захмӣ шудаанд.
Ҷунбиши муқовамати исломии Ҳамос низ дар баёнияе, хабари шаҳодати Ал-Оруриро таъйид кард.
Ҳамос ҳамчунин аз шаҳодати ду тан аз фармондеҳони гурдонҳои шаҳид Иззуддин Қассом, шохаи низомии ин ҷунбиш дар ин ҳамла хабар додааст.
Пештар манобеъи хабарӣ гузориш доданд, ки се ҳамроҳи Солеҳ ал-Орурӣ дар инфиҷори Зоҳияи ҷанубии Бейрут ба шаҳодат расиданд.
Шабакаи Алмаёдин дар ин бора гузориш дод, ки як инфиҷори бузург дар минтақаи Алмушрифия дар Зоҳияи ҷануби Бейрут рух додааст.
Хабаргузории расмии Лубнон дар бораи далели ин инфиҷор эълом кард, ки як паҳподи режими саҳюнистӣ як дафтари мутаъаллиқ ба ҷунбиши Ҳамосро дар Бейрут ҳадаф қарор додааст.
Як масъули ҷунбиши Ҳамос дар гуфтугӯ бо шабака LBCI Лубнон ин иддаоро, ки дар инфиҷори Зоҳияи Бейрут Усома Ҳамдон, масъули ҷунбиши Ҳамос дар Лубнон терур шуда аст рад кард.
Аlmayadeen
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамос музокирот дар бораи асиронро лағв кард
Боздошти ҷосусони исроилӣ дар Туркия

Матолиби пурбоздид