Тоҷикистон ва Аврупо; оғози ҳамкориҳои густарда

Тоҷикистон ва Аврупо; оғози ҳамкориҳои густарда

Ахбори минтақа

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, музокироти Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо дар заминаи тавофуқномаи густардаи мушорикату ҳамкорӣ нуқтаи муҳим дар равобит бо ин иттиҳодия мебошад.

Гуфта шуда, ки ҳадаф аз ин тавофуқнома густариши таомул дар заминаи сиёсат, тиҷорат, иқтисод ва ҳамчунин мудирият, ҳокимияти қонун ва ҳуқуқи башар аст.

Ин музокирот тавассути Лук Дуин, музокиракунандаи аршад, мудири Хадамоти равобити хориҷии Аврупо бо Русия, мушорикати шарқии Осиёи Марказӣ ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Шараф Шерализода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон оғоз шуд.

Тибқи ин гузориш, тавофуқномаи оянда ҷойгузини санаде хоҳад шуд, ки аз соли 2010 ба иҷро даромадааст. Дар ҷараёни оғози расмии музокирот тарафайн дар мавриди мароҳили баъдии раванди музокирот ба тавофуқ расиданд.

Пешбинӣ мешавад, ки аввалин даври умумии музокирот дар хусуси баррасии пешниҳодоти мушаххас дар мавриди матни тавофуқнома баҳори соли ҷории мелодӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раҳбари Ҳамос: “Ҷанг бо душман вориди марҳилаи ихроҷи ишғолгарон аз сарзамини обо ва аҷдодӣ шудааст”
Тоҷикистон ва Эрон; заминаи ҳамкориҳои муштарак

Матолиби пурбоздид