Баёнияи фармондеҳи Сипоҳ
Ахбори байналмилал
Баёнияи фармондеҳи Қароргоҳи Хотамуланбиёи Сипоҳ
Сардор Алӣ Абдуллоҳӣ, фармондеҳи Қароргоҳи Хотамуланбиё (с), баёнияе содир намуд, ки ба шарҳе зерин аст:
“Режими мутаҷовизи саҳюнистӣ бо нақзи мукаррари оташбас, шароратҳои худ алайҳи мардуми мазлуми Лубнон бо чароғи сабз ва ҳимояти Омрикои ҷинояткор ва сукути маҷомеъи байналмилалиро рӯз ба рӯз афзоиш дода ва бо истифода аз силоҳҳои мамнӯъа аз ҷумлаи бомбҳои фосфорӣ, муртакиби ҷиноёти ҷангӣ мегардад.
Бо вуҷуди ҳушдорҳои қаблии Ҷумҳурии Исломии Эрон, режими кӯдаккуши саҳюнистӣ бо убур аз ҳамаи хутути қирмиз ва афзоиши ҳамалот дар ҷануби Лубнон, Зоҳияи Бейрутро ҳадаф қарор додааст.
Қаблан ихтор дода будем, дар сурати густариши ҷиноят дар Зоҳияи Бейрут, аҳдоферо дар сарзаминҳои ишғолӣ мавриди ҳуҷум қарор медиҳем.
Артиши саҳюнистӣ бояд ҳамалоти худ ба ҷануби Лубнон ва Зоҳияро мутаваққиф намояд ва дар сурати густариши ҳамалоти худ ба он минтақа ва ё посух ба иқдоми Эрон, бо заработи кӯбандатар ва пушаймонкунанда рӯ ба рӯ ва ҳамалоти вайронгаре алайҳи режим ва ҳомиёни он оғоз хоҳад шуд.”
Қаламонлайн













