Фалсафаи Наврӯз

Таърих
Фалсафаи Наврӯз
Гуфторе аз дуктур Алӣ Шариатӣ
“Сухани тоза аз Наврӯз гуфтан душвор аст. Наврӯз як ҷашни миллист. Ҷашни миллиро ҳама мешиносанд, ки чист. Наврӯз ҳарсола барпо мешавад ва ҳарсола аз он сухан меравад. Бисёр гуфтаанд ва бисёр шунидаед.
Пас, ба такрор ниёзе нест?
Чаро, ҳаст. Магар Наврӯзро худ такрор намекунед?
Пас, сухан аз Наврӯзро низ мукаррар бишнавед. Дар илму адаб такрор малоловар аст ва беҳуда. Ақл такрорро намеписандад, аммо эҳсос такрорро дӯст дорад. Табиат такрорро дӯст дорад. Ҷомеа ба такрор ниёзманд аст. Табиатро аз такрор сохтаанд, ҷомеа бо такрор нерӯманд мешавад, эҳсос бо такрор ҷон мегирад ва Наврӯз достони зебоест, ки дар он табиат, эҳсос ва ҷомеа, ҳар се даст андар коранд.
Наврӯз, ки қарнҳои дароз аст бар ҳамаи ҷашнҳои ҷаҳон фахр мефурӯшад, аз он рӯ “ҳаст”, ки як қарордоди маснуъии иҷтимоӣ ва ё як ҷашни таҳмилии сиёсӣ нест. Ҷашни ҷаҳон аст ва рӯзи шодмонии замин, осмону офтоб ва ҷӯши шукуфтанҳо ва шӯри зоданҳо ва саршор аз ҳаяҷони ҳар “оғоз”.
Ҷашнҳои дигарон ғолибан инсонҳоро аз коргоҳҳо, мазраъаҳо, дашту саҳро, кӯчаву бозор, боғҳову киштзорҳо дар миёни утоқҳо ва зери сақфҳо ва пушти дарҳои баста ҷамъ мекунад: қаҳвахонаҳо, кабареҳо, зерзаминиҳо, солунҳо, хонаҳо… дар фазои гарм аз нафт, рӯшан аз чароғ, ларзон аз дуд, зебо аз ранг ва ороста аз гулҳои коғазӣ, муқаввоӣ, мумӣ, бӯи кундур ва атр ва …
Аммо Наврӯз дасти мардумро мегирад ва аз зери сақфҳо, дарҳои баста, фазоҳои хафа, лойи деворҳои баланд ва наздики шаҳрҳо ва хонаҳо ба домани озод ва бекаронаи табиат мекашонад; гарм аз баҳор, рӯшан аз офтоб, ларзон аз ҳаяҷони офариниш ва офаридан, зебо аз ҳунармандии боду борон, ороста бо шукӯфа, ҷавона, сабза ва муаттар аз:
“Бӯи борон, бӯи пуна, бӯи хок,
Шохаҳои шуста, боронхӯрда, пок …”
Наврӯз таҷдиди хотираи бузургест; хотираи хешовандии инсон бо табиат. Ҳар сол ин фарзанди фаромӯшкор, ки саргарми корҳои маснуъӣ ва сохтаҳои печидаи худ модари хешро аз ёд мебарад, бо ёдовариҳои васвасаомези Наврӯз ба домани вай бозмегардад ва бо ӯ ин бозгашт ва таҷдиди дидорро ҷашн мегирад. Фарзанд дар домани модар худро бозмеёбад ва модар дар канори фарзанд чеҳрааш аз шодӣ мешукуфад, ашки шавқ меборад, фарёдҳои шодӣ мекашад, ҷавон мешавад, ҳаёти дубора мегирад ва бо дидори Юсуфаш бино ва бедор мешавад.
Тамаддуни маснуъии мо ҳар чӣ печидатар ва сангинтар мегардад, ниёз ба бозгашт ва бозшинохти табиатро дар инсон ҳаётитар мекунад. Ва бад-ин гуна аст, ки Наврӯз, бар хилофи баъзе суннатҳо, ки пир мешаванд ва фарсуда ва гоҳ беҳуда, рӯ ба тавоноӣ меравад ва дар ҳар ҳол ояндаи ҷавонтар ва дурахшонтар дорад. Чӣ Наврӯз роҳи севвумест, ки ҷанги деринаеро, ки аз рӯзгори Лаотсзи ва Конфутсий то замони Руссо ва Волтер даргир аст ба оштӣ мекашонад.
Наврӯз танҳо фурсате барои осойиш, тафреҳу хушгузаронӣ нест, ниёзи зарурии ҷомеа, хӯроки ҳаётии як миллат низ ҳаст. Дунёе, ки бар тағйиру таҳаввул, гусехтану зойил шудан, дарҳам рехтану аз даст рафтан бино шудааст; ҷое ки дар он, он чӣ собит аст ва ҳамвора лоятағайяр ва ҳамеша пойдор, танҳо тағйир аст ва нопойдорӣ, чӣ чиз метавонад миллатеро, ҷомеаеро, дар баробари арробаи бераҳми замон − ки бар ҳама чиз мегузарад ва леҳ мекунад ва меравад, ҳар пояеро мешиканад ва шерозаеро мегусалад – аз завол масун дорад?
Ҳеҷ миллате бо як насл ва ду насл шакл намегирад. Миллат маҷмӯаи пайвастаи наслҳои мутаволии бисёр аст, аммо замон, ин тири бераҳм, пайванди наслҳоро қатъ мекунад. Миёни мо ва гузаштагони мо – онҳо, ки руҳи ҷомеаи мо ва миллати моро сохтаанд – даррраи ҳавлноки таърих ҳафр шудааст. Қарнҳои туҳӣ моро аз онон ҷудо сохтаанд. Танҳо суннатҳо ҳастанд, ки пинҳон аз чашми ҷаллоди замон моро аз ин дарраи ҳавлнок гузар медиҳанд ва бо гузаштагонамон ва бо гузаштаҳоямон ошно месозанд. Дар чеҳраҳои муқаддаси ин суннатҳост, ки мо ҳузури ононро дар замони хеш, канори хеш ва дар “худи хеш” эҳсос мекунем. Ҳузури худро дар миёни онон мебинем ва ҷашни Наврӯз, яке аз устувортарин ва зеботарин суннатҳост.
Дар он ҳангом ки маросими Наврӯзро бапо медорем, гӯӣ худро дар ҳамаи Наврӯзҳое, ки ҳарсола дар ин сарзамин бапо мекардаанд ҳозир меёбем ва дар ин ҳол, саҳнаҳои торику рӯшан ва сафаҳоти сиёҳу сафеди таърихи миллати куҳанамон дар баробари дидагонамон варақ мехӯрад, режа меравад. Имон ба ин ки Наврӯзро миллати мо ҳарсола дар ин сарзамин бапо медоштааст, ин андешаҳои пурҳаяҷонро дар мағзамон бедор мекунад, ки:
Оре, ҳарсола. Ҳатто ҳамон соле ки Искандар чеҳраи ин хокро ба хуни миллати мо рангин карда буд, дар канори шӯълаҳои маҳибе, ки аз тахти Ҷамшед забона мекашид, ҳамон ҷо, ҳамон вақт, мардуми мусибатзадаи мо Наврӯзро ҷиддитар ва бо имони бештаре барпо мекардаанд.
Оре, ҳарсола. Ҳатто ҳамон сол, ки сарбозони Қутайба бар канораи Ҷайҳуни сурхранг хайма барафрошта буданд ва Муҳаллаб Хуросонро паёпай қатли омм мекард, дар оромиши ғамгини шаҳрҳои маҷрӯҳ ва дар канори оташкадаҳои сарду хомӯш Наврӯзро гарму пуршӯр ҷашн мегирифтанд.
Таърих аз марде дар Сиистон хабар медиҳад, ки дар он ҳангом ки араб саросари ин сарзаминро дар зери шамшери халифаи ҷоҳиле ором карда буд, аз қатли омми шаҳрҳо ва вайронии хонаҳо ва оворагии сипоҳиён мегуфт ва мардумро мегирёнд ва сипас чанги хешро бармегирифту мегуфт:
“Аботимор, андаке шодӣ бояд!”
Наврӯз дар ин солҳо ва дар ҳамаи солҳои ҳамонандаш, шодие инчунин будааст, айёшӣ ва “бехудӣ” набудааст. Эъломи мондан ва идома доштан ва будани ин миллат буда ва нишонаи пайванд бо гузаштае, ки замон ва ҳаводиси вайронкунандаи замон ҳамвора дар гусастани он мекӯшидааст.
Наврӯз ҳама вақт азиз будааст. Дар чашми муғон, дар чашми мӯбадон ва дар чашми мусалмонон. Ҳама Наврӯзро азиз шумурдаанд ва бо забони хеш аз он сухан гуфтаанд. Ҳатто файласуфону донишмандон, ки гуфтаанд: “Наврӯз рӯзи нахустини офариниш аст, ки Урмазд даст ба хилқати ҷаҳон зад ва шиш рӯз дар ин кор буд ва шишумин рӯз хилқати ҷаҳон поён гирифт ва аз ин рӯст, ки нахустин рӯзи Фарвардинро Ҳурмазд ном додаанд ва шишумин рӯзро муқаддас шумурдаанд”.
Чӣ афсонаи зебое! Зеботар аз воқеият.
Ростӣ, магар ҳар кас эҳсос намекунад, ки нахустин рӯзи баҳор гӯӣ нахустин рӯзи офариниш аст? Агар рӯзе Худо ҷаҳонро оғоз кардааст, мусалламан он рӯз ин Наврӯз будааст. Мусалламан, баҳор нахустин фасл ва Фарвардин нахустин моҳ ва Наврӯз нахустин рӯзи офариниш аст. Ҳаргиз Худо ҷаҳонро ва табиатро бо пойиз ё зимистон ё тобистон оғоз накардааст. Мусалламан, аввалин рӯзи баҳор сабзаҳо рӯйидан оғоз кардаанд ва рӯдҳо рафтан ва шукӯфаҳо сар задан ва ҷавонаҳо шукуфтан. Яъне Наврӯз.
Бешак, руҳ дар ин фасл зодааст ва ишқ дар ин рӯз сар задааст ва нахустин бор офтоб дар нахустин рӯзи Наврӯз тулӯъ кардааст ва замон бо вай оғоз шудааст.
Ислом, ки ҳамаи рангҳои қавмиятро зудуд ва суннатҳоро дигаргун кард, Наврӯзро ҷалои бештаре дод, шероза баст ва онро бо пуштвонаи устувор аз хатари завол дар даврони мусалмонии ирониён масун дошт…
Наврӯз, ки бо ҷони миллият зинда буд, руҳи мазҳаб низ гирифт. Суннати миллӣ ва нажодӣ бо имони мазҳабӣ ва ишқи нерӯманди тозае, ки дар дилҳои мардуми ин сарзамин барпо шуда буд пайванд хӯрд ва муҳкам гашт, муқаддас шуд ва дар даврони Сомониён расман як шиори мазҳабӣ гардид, мамлув аз ихлосу имону ҳамроҳ бо дуоҳо ва авроди вижаи хеш…
Наврӯз – ин пире, ки ғубори қарнҳои бисёр бар чеҳрааш нишастааст – дар тӯли таърихи куҳани хеш рӯзгоре дар канори муғон авроди меҳрпарастонро хитоб ба хеш мешунидааст.
Пас аз он, дар канори оташкадаҳои зардуштӣ суруди муқаддаси мӯбадон ва замзамаи Авасто ва суруши Аҳуромаздоро ба гӯшаш мехонданд.
Аз он пас, бо оёти Қуръон ва забони Аллоҳ аз ӯ таҷлил мекарданд. Ва акнун, илова бар он, бо намозу дуои мусалмон ва ишқ ба ҳақиқати Ислом ӯро ҷон мебахшанд ва дар ҳамаи ин чеҳраҳои гуногунаш ин пири рӯзгоролуд, ки дар ҳамаи қарнҳо ва бо ҳамаи наслҳо ва ҳамаи аҷдоди мо – аз рӯзгори афсонаии Ҷамшеди бостонӣ то кунун – зистааст ва бо ҳамаамон будааст, рисолати бузурги хешро ҳама вақт бо қудрат ва ишқу вафодорӣ ва самимият анҷом додааст ва он, зудудани ранги пажмурдагӣ ва андӯҳ аз симои ин миллати навмед ва маҷруҳ аст ва даромехтани руҳи мардуми ин сарзамини балохез бо руҳи шоду ҷонбахши табиат. Ва азимтар аз ҳама, пайванд додани наслҳои мутаволии ин қавм – ки бар сари чаҳорроҳи ҳаводиси таърих нишаста ва ҳамвора теғи ҷаллодону ғоратгарон ва созандагони калламанораҳо банд-бандашро аз ҳам мегусастааст. Ва низ паймони ягонагӣ бастан миёни ҳамаи дилҳои хешовандӣ, ки девори абус ва бегонаи давронҳо дар миёнаашон ҳоил мегашта ва дарраи амиқи фаромӯшӣ миёнашон ҷудоӣ меафкандааст.
Ва мо, дар ин лаҳза, дар ин нахустин лаҳазоти оғози офариниш, нахустин рӯзи хилқат, рӯзи Урмазд, оташи аҳуроии Наврӯзро боз бармеафрӯзем ва дар умқи виҷдони хеш, ба поймардии хаёл, аз саҳроҳои сиёҳ ва маргзадаи қуруни туҳӣ мегузарем ва дар ҳамаи Наврӯзҳое, ки дар зери осмони пок ва офтоби рӯшани сарзамини мо барпо мешудааст, бо ҳамаи занону мардоне, ки хуни онон дар рагҳои мо медавад ва руҳи онон дар дилҳои мо мезанад ширкат мекунем ва бад-ин гуна, “будани хеш”-ро ба унвони як миллат дар тундбоди решабарандози замонҳо ва ошӯби гусехтанҳо ва дигаргун шуданҳо хулуд мебахшем ва дар ҳуҷуми ин қарни душманкомӣ, ки моро бо худ бегона сохта ва “холӣ аз хеш” бардаи ром ва туъмаи зудуда аз “шахсият” ин Ғарби ғортагар кардааст, дар ин миъодгоҳе, ки ҳамаи наслҳои таърих ва асотири миллати мо ҳузур доранд, бо онон пайванди вафо мебандем ва “амонати ишқ”-ро аз онон ба вадиъа мегирем, ки “ҳаргиз намемирем” ва “давоми ростин”-и хешро ба номи миллате, ки дар ин саҳрои азими башарӣ, реша дар умқи фарҳангии саршор аз ғино ва қадосат ва ҷалол дорад ва бар пояи “асолат”-и хеш, дар раҳгузари таърих истода аст, “бар саҳифаи олам сабт” кунем.”
Кимиёи саодат
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Гантз: “Ин кудато шояд пояи фурӯпошии Исроил бошад”
“Чаро иттифоқоти бад барои раҳбарони бад рух медиҳад?”

Матолиби пурбоздид