Эҳтимоли ҳамлаи мушакии Эрон ба Исроил

Эҳтимоли ҳамлаи қарибулвуқӯи мушакии Эрон ба Исроил

Ахбори байналмилал

Ба гузориши Тобнок, Садо ва симои Ҷ.И.Эрон дақоиқе пеш эълом кард, Қароргоҳи Хотамуланбиё (с) барои амалиёти “Ваъдаи содиқ-5” омодааст ва ҳамалоти саҳюнистҳоро бепосух намегузорад.

Муҳаммадбоқири Қолибоф дар вокуниш ба ҳамлаи режими саҳюнӣ ба Зоҳияи Лубнон ва мавозеъи имрӯзи Тромп, дар Х навишт: “На ба оташбас пойбанданд, на ба гуфтугӯ бовар доранд ва бо муҳосираи дарёӣ ва нақзи тавофуқот дар бораи Лубнон нишон доданд, ки фақат забони қудрат мефаҳманд. Муҳосираи дарёӣ алайҳи миллати Эрон ва чароғи сабзи имрӯзи Омрико ба режими саҳюнистӣ, пойгоҳҳо ва дороиҳои Омрико ва режим дар минтақаро ба аҳдофи машрӯъ табдил мекунад. Дасти нерӯҳои мусаллаҳи мо мисли ҳамеша боз аст.”

Ҳамчунин сухангӯи Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Ҷ.И.Эрон Иброҳими Ризоӣ, дар паёме дар шабакаи иҷтимоии X навишт: “Посухи қотеъ ва дарднок ба ҳамлаи режими саҳюнистии алайҳи Зоҳия хоҳем дод… Имшаб ба осмони сарзаминҳои ишғолӣ нигоҳ кунед!”

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Гурӯҳи Ҳанзала хитоб ба саҳюнистҳои сокини шимоли Исроил: “Фавран хонаҳои ғасбшударо тарк кунед!”
Ҳамлаи мушакии артиши Эрон ба самти новшиканҳои мутаҷовизи амрикоӣ

Матолиби пурбоздид