Фалсафаи пешрафт

Фалсафаи пешрафт
Ҳафиз Раҳмон
Аз силсилаи “Сояи андешаҳо”
Давлатшоҳи Самарқандӣ дар тазкирааш мухтасар аз таърихи таназзули султон Санҷар навиштааст. Ғузҳо кишвари ӯро торумор карданд ва иллати онро Санҷар чунин шарҳ додааст:
«Корҳои бузург ба мардуми хурд фармудам ва корҳои хурд ба мардуми бузург, ки мардуми хурд корҳои бузургро карда натонистанд ва мардуми бузург аз корҳои хурд ор доштанд ва дар пай нарафтанд. Ҳар ду кор табоҳ шуд ва нуқсон ба мулк расид ва кори лашкарӣ ва кишварӣ рўй ба фасод овард».
Инро як консепсия ё ақидаи рушд метавон гуфт. Замона дуруст, корҳо рост ва зиндагии мардум шоиста мегардад, агар “ихтиёри корҳои бузург ба дасти одамони бузург” гузошта шавад: шахсиятҳои шоиста ба вазифаҳои масъул таъйин ё интихоб шаванд, вазифа воситаи амалӣ кардани идеяҳои нав, андешаҳои ҷадид ва тарҳҳои тоза гардад…
Фаразан, Абдуҷаббор, ки аз уҳдаи кори масъул намебарояд, агар аз осмон ситора биёрад, шабу рӯз дар ибодат бошад ҳам, бояд бо виҷдонаш маслиҳат карда, курсиро ба каси аз худаш донотару бофаҳмтар, яъне ба Абдуғаффор бидиҳад… Хуршед, ки ду ҷумлаи дуруст аз минбар гуфта наметавонад, он минбарро ба Ҷамшеди ростгуфтор бидиҳад ва биравад аз пайи рӯзгору сомони хеш…
Бадтарин чиз ҳамин аст, ки шахсони ногаҳ олимшуда (бо кумаки раҳбарони илмии гӯё “ғамхор”-ашон) ба вазифаҳои баланди соҳаи илм ва мудирияти илму фанноварӣ мерасанд. Онҳо ҳаргиз тоби шунидани фикри донишмандонро нахоҳанд дошт, чун табиати ҷоҳилонаашон инро намебардорад…
Равоншиносон мегӯянд: сарахбори ҷаҳолат нодонист. Аз решаи нодонӣ тане аз ҷаҳолат мерӯяд, ки шоху баргаш кибру ғурур ва мевааш аблаҳист. Ин гуна “уламо” бар иловаи ин ҳама “офатҳои ахлоқӣ” фахр ном хулқе низ пайдо мекунанд, ки зуҳури он дар тинати ин ашхос барои ҳар одами ҳушманд нафратовар аст. Бадтарин падидае, ки бузургони андеша ва ҳикмат дар ин олам дидаанд, ҳамин аст, ки ҷоҳиле бо фахру такаббур доноеро насиҳат кунад ва “роҳи дурусти кору зиндагӣ” нишон бидиҳад…
Гуфтем, ки ҷоҳилон одатан мутакаббир мешаванд ва хавфашон ин аст, ки ҳамвора мекӯшанд пайраҳаи шахсиятҳои худогоҳ ва доноро маҳдуд, мавқеашонро танг кунанд… Зеро табиати ақрабонаашон чунин аст…
Як хиёнати уламои мо ба муқаддасоти илму фарҳанг ҳамин аст, ки нисбат ба ҷавонони нолоиқ “ғамхорӣ” кардан мехоҳанд: принсипашон ҳамин аст – “оҳиста-оҳиста ёд мегирад, ҳоло ҷавон аст-ку…” Мешавад баръакс: ҷавон, ки то 20-у 25-солагӣ “ёд нагирифт”, баъди ҳимояи кораш ва расиданаш ба карйераи мувофиқ дигар то мурданаш намехонад ва хондану ёд гирифтан ҳам намехоҳад… Зеро ба ҳадафаш аллакай расидааст…
Ҳафиз Раҳмон
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нарӯз шуд
Аврупо ба адами вобастагӣ ба доллар исрор дорад

Матолиби пурбоздид