Фарид Закариё: “Хатарноктарин лаҳза аз замони ҷанги сард”

Таҳлили хабарӣ

 

 

 

Фарид Закариё: “Хатарноктарин лаҳза аз замони ҷанги сард”

Фарид Закариё рӯзноманигори тирози аввал, таҳлилгари сиёсӣ ва нависандаи ҳиндӣ-омрикоӣ аст. Ӯ муҷрии шабакаи CNN ва мизбони барномаи Fareed Zakaria GPS аст ва дар Washington Post сутуни ҳафтагии собит дорад. Закариё ҳузуре чашмгир ва пуртакрор дар расонаҳои мӯътабари ҷаҳон дорад. Аввалин бор ӯ буд, ки истилоҳи “демократияи ғайрилиберол”-ро ба кор гирифт. Аз таълифоти ӯ метавон ба “Ояндаи озодӣ” (The Future of Freedom), “Ҷаҳон пас аз Омрико” (The World After America), “Аз сарват ба қудрат” (From Wealth to Power) ва “10 омӯза барои ҷаҳони пасопандемӣ” (Ten Lessons for the Post-Pandemic World) ишора кард.

Ӯ дар мақолаи зерин бо нигоҳе ба танишҳои ҷадид ва бӯҳронҳои осиёӣ, ба таҳдидоти асосии ин минтақа барои ҷаҳони Ғарб ишора карда ва асри кунуниро асри ҷидоли ревизионистҳои (таҷдиди назарталабҳои) осиёӣ, асри ҷангҳои низомӣ ва хатароктарин замон аз ҷанги сард то кунун қаламдод кардааст. Закариё бар ин бовар аст, ки нишонаҳои фазояндае вуҷуд дорад мабнӣ бар ин ки эътилофи қудратҳои ревизионист (таҷдиди назарталаб) беш аз ҳамеша дар иттиҳод ва ҳамкорӣ бо якдигаранд, то чаҳоргонаи пурошӯби Чин, Эрон, Кореяи шимолӣ ва Русия дар мадори воҳид қарор гирад. Ин давлатҳо, ки пайваста ба табодули таслеҳот, тадорукот ва дониши фаннӣ мепардозанд, аз хусусиятҳое бархӯрдоранд, ки метавонад ҷаҳонро дастхуши тағйир қарор диҳад.

Инак матни мақолаи Фарид Закариё дар Washington Post:

* * *

Бо боло гирифтани танишҳо дар Ховари Миёна, набояд аз ёд бурд, ки бӯҳрони Ховари Миёна сирфан яке аз се бӯҳрони муҳимме аст, ки бо талоши “ревизионистҳо” (1) барои барҳам задани назми байналмилалӣ падидор шудааст. Ҷанг дар Урупо ҳамчунон идома дорад ва дар Осиё низ таҳаррукоти ҷадид ва ваҳшатноке рух додааст. Рӯи ҳам рафта метавон гуфт, ки ин бӯҳронҳо, ба хатаронктарин замон аз поёни ҷанги сард то кунун мунҷар шудаанд.

Танишҳои кунунӣ дар Ховари Миёна, реша дар кашмакаши Эрон ва муттаҳидони Омрико – Исроил ва бархе кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс – дорад. Эрон бо абзорҳои муташаккил аз силсилаи шибҳинизомиёни муттаҳид, дар саҳна ҳузур дорад. Пеш аз ҳамлаи 7 октябри Ҳамос дар соли гузашта, ин гурӯҳҳо ҷараёни собите аз ҳамалоти хурдро ташкил медоданд, то ба Исроил ва гоҳе низ ба подшоҳиҳои халиҷи Форс ҳамлавар шаванд. Ва таъсири ҳамалоти онҳо бисёр қобили таваҷҷӯҳ аст ва ба контроли Исроил ва аъроби халиҷи Форс ва ба ҳошия рондани минтақа мунҷар шудааст.

Шиддати танишҳо аз октябри соли гузашта, тиҷорати минтақаро бо мушкил мувоҷеҳ сохтааст. Бо ташдиди таниш, 70 дарсади тараддуди киштиҳо то моҳи июн аз баҳри Сурх мунҳариф шуд ва бисёре аз хутути ҳавоӣ, парвоз ба Исроилро мутаваққиф карданд. Ширкати ҳавопаймоии Аморот (воқеъ дар Дубай), ахиран парвозҳои худ ба Эрон ва Ироқро лағв карда ва ҳамлаи Ҳусиҳо ба таъсисоти нафтии Арабистон, афзоиши сарсомовари қимати нафтро дар пай хоҳад дошт.

Агар назми Ховари Миёна аз байн биравад, Урупо низ дар бӯҳрон қарор мегирад. Таҳоҷуми Русия ба Украина, мисдоқи ҷанге суннатӣ ва таҷовузкорона аст, ки аз қудрати низомии Русия ҳосил мешавад. Ин ҷанг дар айни ҳол талош барои тахриби низоми амнияти Урупо ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида аст.

Агар Русия пирӯзи майдон шавад, сохтори саботи Урупо, ки пас аз соли 1945 эҷод шуда, пас аз соли 1989 баст ёфта ва доманаи он ба кишварҳои Балтика ва Полша (2) ҳам кашида шуда, аз байн хоҳад рафт.

Осиё, ҷаҳонро бо таҳдиди бузурги дигаре низ мувоҷеҳ карда, ки чандон мавриди таваҷҷӯҳ қарор нагирифтааст. Роберт Мэннинг (дипломати кӯҳнакори омрикоӣ) (3) мегӯяд: “Ман дар се даҳаи гузашта бар бӯҳрони ҳастаии Корея дар дохил ва хориҷ аз давлат мутамаркиз будаам ва бар ин боварам, ки ин шабҳиҷазира дар ҳоли ҳозир хатарноктар ва бесаботтар аз ҳар замон ба назар мерасад.”

Аз замони иҷлоси номувафақи соли 2019 байни Дунолд Тромп ва Ким Чен Ин, давлати Корея, сиёсати ҷангталабонаашро шиддат дод. Ким дар соли 2021 аз густариш ва навсозии зарродхонаи ҳастаиаш хабар дод.

Русия ва Кореяи Шимолӣ

Мэннинг ишора мекунад, ки ӯ дар моҳи январ, поёни ҳадафи 70-солаи иттиҳоди муҷаддад бо Кореяи ҷанубиро эълом кард ва ба ин пардохт, ки Кореяи ҷанубӣ ҳамеша маҳдудиятҳое барои иқдомоти низомии Кореяи шимолӣ эҷод кардааст.

Ким, Кореяи Ҷанубиро душмани аслии кишвар қаламдод кард, дастури тахриби бинои ёдбуди иттиҳоди муҷаддадро (ки ба фармони падараш сохта шуда буд) содир кард ва ожонсҳоеро, ки барои пешбурди барномаи иттиҳоди муҷаддад фаъолият мекарданд, таътил кард. Ин рӯйкард метавонад ҳокӣ аз тамоюли фазояндаи ин кишвар ба ҷанг бошад. Фаъолияти ҳастаии Кореяи шимолӣ дар қолиби бӯҳроне пайваста аз ҷанги сард то кунун идома дорад.

Бо дастёбии Кореяи Шимолӣ ба мушакҳои болистик ва қоррапаймо, бӯҳрон аз шарқи Осиё фаротар рафта ва ба таниш ва ноамнӣ дар низоми байналмилалӣ мунҷар шудааст. Иёлоти Муттаҳида барномаи ҳастаизудоии ин кишварро дар дастури кори сиёсати хориҷии худ қарор дод ва бо рӯйи кор омадани Дунолд Тромп, сиёсатҳои мусирронатареро аз таҳдид ва таҳрим то музокира ва тавофуқ ҷиҳати халъи силоҳи ҳастаии Кореяи шимолӣ ба кор гирифт.

Чин ҳам дар Осиё фишорҳои доманадоре умдатан иқтисодӣ эъмол мекунад, ки ӯро рақиб ё ҳатто бадили Омрико ба унвони қудрати мусаллат менамоёнад. Зуҳури Чин ва бархе кишварҳои шарқи Осиё дар арсаи санъат ва иқтисоди ҷаҳонӣ боис шуда, то кишварҳои дигар аз “нардбони тавсиъа” ба пойин ронда шаванд.

Тиҷорати ҷаҳонии асри ҷадид бо зарфияти санъатии густардаи Чин мувоҷеҳ аст, ки бо вуруди маҳсулоти арзонқимат ва умдатан бекайфият ба кишварҳои Иттиҳодияи Урупо ва Омрико, мавҷи нигаронии фазояндае дар кишварҳои ғарбӣ эҷод карда ва ҷабҳаи ҷадиде дар ҷанги тиҷории Ғарб бо Чин падид овардааст.

Таниши низомӣ бештар маътуф ба Тайван аст, аммо дар чандин марказ аз Филиппин то баҳри Чини ҷанубӣ низ эҳсос мешавад. Пекин қотеъона ба давлати Тайван эълом карда, ки бо хариди таслеҳот аз Иёлоти Муттаҳида, наметавонад амният бихарад, балки эҳтимоли иқдоми низомӣ дар Тайванро афзоиш медиҳад. Чин ҳушдор дода, ки иқдомоти ҷудоиталабонаи ҳомиёни истиқлоли Тайван ва мудохилаи хориҷӣ наметавонад якпорчагии ҷазираи Тайван ва Чинро махдуш кунад.

Ҳатто агар ҳамаи инҳо нигаронкунанда набошанд, нишонаҳои фазояндае вуҷуд дорад, ки эътилофи қудратҳои ревизионист дар иттиҳод ва ҳамкорӣ бо якдигаранд. The Economist хотирнишон мекунад, ки “чаҳоргонаи маргбор”-и Чин, Эрон, Кореяи шимолӣ ва Русия, фаъолона дар ҳоли табодули таслеҳот, тадорукот ва муҳимтар аз ҳама, дониши фаннӣ аст.

Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш бояд бикӯшанд бо ҳамоҳангӣ ин талошҳоро хунсо кунанд. Чунин ҳадафе мусталзими иттиҳод аст. Давлатҳои муттаҳид бояд бикӯшанд байни ин кишварҳо, ки таниши фимобайн доранд, шикоф ва тафриқа эҷод кунанд. Бавежа бояд бар Чин мутамаркиз шуд, ки то ҳудуде бо се кишвари дигар мутафовит аст. Ин режимҳои саркаш, мусиррона бар табли бесаботӣ мекӯбанд, умдатан ба ин далел, ки назму низоме барои фурӯпошӣ надоранд. Чин аз тиҷорат ва вобастагии мутақобил бо ҳар ду эътилоф суд мебарад ва ин дар ҳоле аст, ки ба лутфи ҷаҳонӣ шудан ва сулҳ, ки созукори демократӣ дорад ва дар низоми байналмилалии кунунӣ тазмин шуда, ба қудрат расидааст.

Кӯмаки Чин ба Русия нишон медиҳад, ки Пекин ҳам моил аст назми ҷаҳониро барҳам бизанад, аммо чунин талоше лузуман ба натиҷа намерасад. Охирин боре, ки Иёлоти Муттаҳида бо иттиҳоде аз қудратҳои мутахосим рӯ ба рӯ шуд, ба ҷанги сард бармегардад, ки дар ҷаҳони коммунист, ихтилоф эҷод кард ва тавонист равобити хубе бо кишварҳое монанди Югославия ва Руминия барқарор кунад. Муҳимтар аз ҳама ин ки сабаб шуд Чин аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ бигсалад. Бояд дид, сиёсати Вашингтон, ки ин рӯзҳо дунёро сиёҳу сафед мебинад, чӣ роҳе дар пеш хоҳад гирифт? Оё аз маҳорати дипломатӣ ва фаросати кофӣ барои пешбурди чунин стратегияи печидае бархӯрдорем?

* * *

Поварақӣ:

1) Ревизионизм ба маънои бозандешигароӣ аст ва ба саъйи назарии Эдвард Бернштейн дар охирҳои қарни 19 барои таҷдиди назар дар доктрини марксистӣ ишора дорад. Бернштейн бо радди назарияи Маркс дар бораи ҷабри иқтисодӣ, бар аҳаммияти муборизаи табақотӣ таъкид дошт ва истидлол мекард, ки вазъияти Олмони қарни 19 бо шуморе аз пешбиниҳои муҳимми Маркс муғойират дорад, дар натиҷа сармоядориро дар остонаи фурӯпошӣ намедонист; мӯътақид буд, ки сармоя анбошт намешавад, табақаи миёна аз байн намеравад ва табақаи коргар ҳам мутаассир аз “фақр ва шӯрбахтии фазоянда” нест. Ревизионизми Бернштейн ҷанҷоли бузурге дар миёни сотсиал-демукротҳои олмонӣ барангехт ва мунтақидон ба раҳбарии Карл Каутски (машҳуртарин назарияпардози интернатсионали дуввум ва муфассири аслии осори Маркс) ба радду инкори ин назария пардохтанд, бо ин ҳол ревизионизм таъсири зиёде бар сиёсатҳои амалии ҳизби марксизм дошт. Пас аз инқилоби болшевикӣ, вожаи ревизионист аз сӯйи коммунистҳо барчасбе шуд барои инҳироф аз усули марксистӣ. Ингуна буд, ки ба унвони мисол, мунтақидони коммунизми Шӯравӣ ба идеяҳо ва сиёсатҳои мустақилли коммунистҳои Югославия дар қолаби “ревизионизми мудерн” тохтанд ва ҷолиб аст, ки коммунистҳои Шӯравӣ ҳам аз сӯйи коммунистҳои чинӣ ба ақоиди ревизионистӣ муттаҳам шуданд.

2) Мантиқаи Балтика дар гузашта ба кишварҳои Дания, Эстония, Латвия, Финляндия, Олмон, Литва, Полша, Русия ва Шветсия итлоқ мешуд, аммо акнун фақат бо кишварҳои Эстония, Латвия ва Литва шинохта мешавад. Кишварҳои Балтика, кишварҳои ҳавзаи баҳри Балтика дар шимоли шарқи Урупо ҳастанд. 12 кишвар аз 15 кишвари пасошӯравӣ, дар солҳои оғозини пасоҷанги сард, кишварҳои мустақил шуданд ва ба Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ (CSTO) пайвастанд, вале кишварҳои Балтика ба узвият дар Иттиҳодияи Урупо ва НАТО рӯй оварданд.

3) Роберт Мэннинг аз сиёсатмадорони бособиқаи омрикоӣ аст. Ӯ дар гузориши машҳуре бо унвони “Се ояндаи эҳтимолӣ барои риёсати ҷумҳурии Бойден” ба ин мавзӯъ пардохта буд, ки давлати Ҷо Бойден бо рукуди ҷаҳонии қарибулвуқӯъи ношӣ аз афзоиши таниш ва бӯҳрон бо Чин, Эрон ва Иттиҳодияи Урупо мувоҷеҳ шудааст. Дар ин байн, демократҳо низ контроли худро бар Маҷлиси Сено ва Намояндагон аз даст додаанд, ки боис мешавад стратегияҳои Бойден барои бозсозии Омрико, роҳ ба ҷойе набарад.

Washingtonpost

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Яҳудиёни ҳаридӣ: Ҳасан Насруллоҳ мӯъмин буд
Амалиётҳои пайдарпаи ҳавоии Муқовимати Ироқ дар хоки Исроил

Матолиби пурбоздид