Фарохони Ҳамос барои тазоҳуроти ҷаҳонӣ
Ахбори байналмилал
Presstv: Ҳамос, фарохони тазоҳуроти ҷаҳонӣ алайҳи қаҳтӣ дар Ғазза дод
Ҷунбиши Ҳамос фарохонеро барои тазоҳурот ва таҳассуннҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати маҳкум кардани куштори ҷамъӣ ва қаҳтӣ дар Ғазза содир кард.
Ба гузориши Presstv, ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос эълом кард: “Дар сояи ташдиди ҷинояти гуруснагӣ ва куштори ҷамъӣ, ки тавассути ишғолгарони саҳюнистӣ дар навори Ғазза анҷом мешавад ва мардум аз гуруснагӣ ва суитағзия ҷони худро аз даст медиҳанд ва қаҳтӣ ҳузури кушандаи худро дар чеҳраи кӯдакон, модарон ва солмандон нишон медиҳад, ки ин рухдодҳо дар миёни сукути машкуки ҷаҳонӣ ва фуқдони ҳар гуна иқдоме, ки мутаносиб бо абъоди фоҷеа бошад, сурат мегирад.”
Ҷунбиши Ҳамос тасреҳ кард: “Мо дархост ва фарохони худро ба хотири Ғаззаи муҳосирашуда, барои касоне, ки бо марги тадриҷӣ дасту панҷа нарм мекунанд, барои мардуме, ки бо охирин тавони боқимондаи худ бо наслкушӣ мубориза мекунанд, матраҳ мекунем ва аз мардуми умматамон ва ҳамаи озодагони ҷаҳон даъват мекунем, густардатарин ҳаракати мардумӣ ва ҷамъӣ дар ҳамаи пойтахтҳо ва шаҳрҳои ҷаҳон дар рӯзҳои ҷумъа, шанбе ва якшанбе (25, 26, 27 июли 2025) ва ҳамаи рӯзҳои оянда, то шикастани муҳосира ва поёни қаҳтӣ барпо кунанд.”
Ҳамос таъкид кард: “Бояд рӯзҳои оянда фарёди расо дар баробари ишғолгарон ва нанге бар пешонии сукуткунандагон бошад. Тазоҳурот, таҳассунҳо ва роҳпаймоиҳои хашм дар муқобили сафоратҳои режими ишғолгар ва сафоратҳои Омрико, дар майдонҳо, хиёбонҳо, донишгоҳҳо ва аз тариқи ҳар расонае баргузор шавад.”
Ҳамос тасреҳ кард: “Ҷаҳон бо ҳам фарёд бизанад: “Ҷинояти гуруснагиро мутаваққиф кунед!”
Ин ҷунбиш афзуд: “Он чи дар Ғазза рух медиҳад, лаҳзае таъйинкунанда дар виҷдони инсонӣ барои ҳимоят аз Ғазза ва таваққуфи ҷанги наслкушӣ ва гуруснагӣ аст.”
(presstv.ir)
Қаламонлайн