Артиши Исроил: Се мушаки ҳусиҳоро раҳгирӣ ва мунҳадим кардем

Артиши Исроил: Се мушак аз ҷониби ҳусиҳоро раҳгирӣ ва мунҳадим кардем
Ахбори байналмилал
Соате пеш артиши режими саҳюнистӣ муддаӣ шуд, ки як мушаки “Замин ба замин” ва ду мушаки “Круз” аз ҷониби Яманро дар минтақаи дарёи Сурх раҳгирӣ ва мунҳадим кардааст.
Артиши режими саҳюнистӣ имрӯз (31 октябр) дар иттилоияе муддаии раҳгирӣ ва инҳидоми чанд мушаки шилликшуда аз ҷониби Яман шуд.
Дар ин иттилоия омадааст, ки барои аввалин бор аз замони оғози ҷанг, нерӯи ҳавоии режими “Исроил” аз сомонаи падофанди дурбурди «Хатс» (Пайкон) дар минтақаи баҳри Сурх истифода карда ва як мушаки “Замин ба замин”-ро мунҳадим кардааст.
Ҳамчунин ба гузориши Daily Mail, ҳавопаймоҳои артиши Исроил бомдоди имрӯз ба дунболи расади як таҳдиди ҳавоӣ дар минтақаи баҳри Сурх, аҳдофи мутахосими дар ҳоли парвозро раҳгирӣ ва мунҳадим карданд.
Ҳамзамон расонаҳои исроилӣ низ ба нақл аз артиши ин режим хабар доданд, ки илова бар мушаки “Замин ба замин”-и шилликшуда аз ҷониби Яман, ҳавопаймоҳои ҷангии исроилӣ ду мушаки “Круз”-ро низ мунҳадим кардаанд.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пойгоҳи низомии амрикоӣ дар Ироқ мавриди ҳамалот қарор гирифт
Фармондеҳи собиқи Сипоҳи Посдорони Эрон: “Пешниҳоди ман, ташкили артиши исломӣ барои амнияти минтақа аст”

Матолиби пурбоздид