Фароҳам омадани шароит барои баргашти муҳоҷирон аз Русия, тавассути автобус

Муҳоҷират

Фароҳам омадани шароит барои баргашти муҳоҷирон аз Русия, тавассути автобус

Ахбори муҳоҷир

Бар асоси гузоришоти расида, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия – Зафар Саидзода бо масъулини ширкати “Хуҷанд-Транс-Сервис” мулоқот намуда, дар мавриди ба Ватан бозгардондани шаҳрвандони тоҷике, ки аз Русия депорт шудаанд, ба тавофуқ расидаанд.

Бар асоси ин тавофуқнома, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Русия ҳукми ихроҷ  гирифтаанду бояд аз қаламрави ин кишвар хориҷ шаванд, метавонанд тавассути автобусҳои ин ширкат ба Ватан баргарданд.

Дар сурати мувофиқати мақомоти русӣ, барои интиқоли муҳоҷирони ихроҷшуда тавассути нақлиёти заминӣ, муҳоҷироне, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, метавонанд тавассути автобусҳои ширкати «Хуҷанд-Транс-Сервис» аз Русия, ба Тоҷикистон баргарданд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Донишҷӯи тоҷик ба ҷурми “қасди амалиёти харобкорона” дар Русия боздошт шудааст
Номаҳои торихии Паёмбар(с)

Матолиби пурбоздид