Нигоҳе гузаро ба тамаддуни исломӣ – 2

Таърих

Нигоҳе гузаро ба тамаддуни исломӣ – 2

Бахши дуввум

Авомили асосии рушду тавсиаи тамаддуни исломӣ

Тамаддун ва фарҳанги исломӣ дар тӯли ҳаёти худ фарозу нишебҳое доштааст; дар як давраи торихӣ (аз оғоз ва лоақал аз поёни футуҳот то зуҳури муғул), тамаддуни исломро боланда ва бошукӯҳ ва дар авҷ мебинем, ки ин давраро давраи дурахшони тамаддуни исломӣ меноманд, аммо пас аз он тамаддуни исломӣ дучори уфул мешавад ва кам-кам ба ҳошияи саҳнаи иҷтимоӣ меравад ва чанд даҳае аст, ки дубора хезиши исломӣ, умедбахши раҷъат ба он азамат ва сарафрозии пешин гаштааст. Кашфи розу рамзи ин таҳаввулот дар баррасии дақиқ ва олимона ва решаёбии онҳост.

Дар ин ҷо дар пайи шиносоии авомили асосии рушду тавсиъаи тамаддуни исломӣ дар давраи дурахшони он ҳастем. Авомиле, ки азамат офариданд ва бидуни шак уфули тамаддун ба хотири рахнае аст, ки дар онҳо падид омад:

1 – Ташвиқи ислом ба илм: тавсия ва ташвиқи муаккаде, ки ислом дар таваҷҷӯҳ ба илму уламо мекард, аз асоситарин асбоби ошноии муслимин бо фарҳанг ва дониши инсонӣ ва дар натиҷа рушду тавсиъаи тамаддуни исломӣ гардид.

Ҷурҷӣ Зайдон бо ин ки таассуби масеҳӣ дорад ва дар баъзе масоил ин таассуб комилан намудор аст ва гоҳе мехоҳад исрор биварзад, ки муслимини аввалия бо ҳар китобе ҷуз Қуръон мухолиф буданд, бо ин вуҷуд, эътироф мекунад, ки ташвиқи ислом ба илм, омили муассире дар суръати пешрафти муслимин будааст. Вай мегӯяд: “Ҳамин ки мамлакати ислом тавсиъа ёфт ва мусалмонон аз иншои улуми исломӣ фориғ шуданд, кам-кам ба фикри улуму саноеъ афтоданд ва барои худ ҳама навъ васоили тамаддун фароҳам сохтанд ва табъан дар садади таҳсили илму санъат баромаданд ва чун аз кашишони масеҳӣ матолибе аз фалсафа шунида буданд, беш аз соири улум ба фалсафа алоқаманд гаштанд, ба хусус ки аҳодиси ворида аз Русули Акрам (с) ононро ба таҳсили илм ва ба хусус фалсафа ташвиқ менамуд, ки аз он ҷумла фармудаст: “Илм биомузед, агарчи дар Чин бошад”, “Ҳикмат гумшудаи мӯъмин аст, аз ҳар кӣ бишнавад фаро мегирад”, “Омӯхтани илм бар зану марди мусалмон воҷиб аст”, “Аз гаҳвора то гӯр дониш биомӯзед” ва ғайра.

Доктор Зарринпур дар ин робита менависад: “Тавсия ва ташвиқи муаккаде, ки ислом дар таваҷҷӯҳ ба илм ва уламо мекард, аз асбоби муҳимме буд дар ошноии муслимин бо фарҳангу дониши инсонӣ, Қуръон мукаррар мардумро ба тафаккур ва тадаббур дар аҳволи коинот ва ба тааммул дар асрори оёт даъват карда, мукаррар бар бартарии аҳли илм ва дараҷоти онҳо ишора намуда ва дар якҷо шаҳодати соҳибони илмро толии шаҳодати Худо ва малоика хонд, ки ин худ ба қавли Имом Ғаззолӣ дар фазилат ва наболати илм кифоят дошт. Ба илова, баъзе аҳодиси Расули Худо (с), ки ба асноди мухталиф нақл мешуд, ҳокӣ аз бузургдошти илму уламо буд ва ин ҳама бо вуҷуди баҳсу ихтилоф, ки дар боби асли аҳодис ва моҳияти илм мавриди тавсия дар миён меомад, аз умуре буд, ки мӯҷиби мазиди рағбати муслимин ба илму фарҳанг мешуд ва онҳоро ба тааммул ва тадаббур дар аҳвол ва тафаҳҳус ва тафаккур дар асрори коинот бармеангехт.

Аз инҳо гузашта, Паёмбар (с) худ низ дар амал муслиминро ба омӯхтан ташвиқи бисёре мекард, чунон ки баъд аз ҷанги Бадр, ҳар кас аз асирон, ки наметавонист фидя бипардозад, дар сурате ки ба даҳ тан аз атфоли Мадина хат ва савод меомӯхт, озодӣ меёфт. Ҳамчҷунин ба ташвиқи эшон буд, ки Зайд ибни Собит забони ибрӣ ё сирёнӣ ё ҳар ду забонро фаро гирифт ва ин ташвиқу тарғиб сабаб мешуд, ки саҳоба ба ҷустуҷӯи илм рӯй оваранд, чунон ки Абдулло ибни Аббос бино бар машҳур, ба кутуби Таврот ва Инҷил ошноӣ пайдо кард ва Абдулло ибни Амр ибни Ос низ ба Таврот ва ба қавле низ ба забони сирёнӣ вуқуф пайдо карда буд. Ин таъкид ва ташвиқи Паёмбар (с), ҳам алоқаи муслиминро ба илм афзуд ва ҳам уламо ва аҳли илмро дар назари онҳо бузург кард”.

Ин буд, ки муслимин аз ҳамон оғоз тамоми ҳиммат ва саъяшонро бар ин гузоштанд, ки бар улум ва маорифи ҷаҳон даст ёбанд.

2 – Тасоҳул ва тасомуҳи фикрӣ: яке аз илали суръати пешрафти муслимин дар улум ин буд, ки дар ба даст овардани улуму фунун ва саноеъ ва ҳунарҳо таассуб намеварзиданд ва илмро дар ҳар нуқта ва дар дасти ҳар касе меёфтанд, аз он баҳрагирӣ мекарданд ва ба истилоҳи имрӯз равияи тасоҳул бар онҳо ҳукмфармо буд.

Чунон ки медонем, дар аҳодиси набавӣ (с) ба ин нукта таваҷҷӯҳ дода шудааст, ки илму ҳикматро дар ҳар куҷо ва дар дасти ҳар кас пайдо кардед, онро фаро гиред. Расули Акрам (с) фармуд: “Ҳамоно дониши ростин гумшудаи мӯъмин аст, ҳар ҷо онро биёбад худаш ба он сазовортар аст”.

Аз Алӣ ибни Абӯтолиб (к) дар Наҳҷул-балоға нақл шудааст: “Дониш гумшудаи мӯъмин аст, пас онро фаро гиред ва биомӯзед, ҳатто аз дасти мардуми мунофиқ”. Ҳамчунин аз калимоти он ҳазрат аст: “Ҳикматро биомӯзед ҳатто аз мушрикон”.

Дар ривоёти исломӣ, аз ҳазрати Масеҳ нақл кардаанд, ки: “Ҳақро ҳарчанд аз аҳли ботил, фаро гиред, аммо ботилро ҳарчанд аз аҳли ҳақ фаро нагиред, сухансанҷ ва ҳақиқатшинос бошед”.

Ин ривоятҳо заминаи вусъати дид ва баландназарӣ ва таассуб надоштани муслиминро дар илму маориф аз ғайри мусалмон фароҳам кард ва ба истилоҳ дар муслимин руҳи тасоҳул ва тасомуҳ ва адами таассуб дар мақоми фарогирӣ ва илмомӯзӣ ба вуҷуд овард.  Аз ин рӯ, муслимин аҳамият намедоданд, ки улумро аз дасти чӣ касе мегиранд ва ба василаи чӣ ашхосе тарҷума ва нақл мешавад ва ба дасти онҳо мерасад, балки бар асоси он чи аз пешвои азимушшаъни худ омӯхта буданд, худро ба далели ин ки аҳли имонанд, соҳиб ва вориси аслии ҳикматҳои ҷаҳон медонистанд… Мӯътақид шуда буданд, ки илму имон набояд аз якдигар ҷудо гарданд.

Доктор Зарринкӯб дар тавзеҳи ин омил менависад: “…Ба ин гуна, ислом, ки як имперотурии азими ҷаҳонӣ буд, бо самоҳат ва тасоҳуле, ки аз хусусиёти асосии он ба шумор меомад, мерос ва одоби безиёни ақвоми мухталифро таҳаммул кард, ҳамаро ба ҳам омехт ва аз он чизи тозае сохт; фарҳанги тозае, ки ҳудуду суғур намешинохт ва тангназариҳое, ки буржуазӣ ва сармоядориро ба миллатҳо, марзҳо ва нажодҳо тақсим мекард, дар он маҷҳул буд. Мусалмон аз ҳар нажод, ки буд, араб буд ё турк, синдӣ ё африқоӣ, дар ҳар ҷое аз қаламрави ислом қадам мениҳод, худро дар ватани хеш ва диёри хеш меёфт… Ҳама ҷо як дин буду як фарҳанг.

Доктор Зарринкӯб дар ин бора менависад: “Ончи ин мояи тараққиёти амалӣ ва пешрафтҳои оддиро барои муслимин муяссар сохт, дар ҳақиқат ҳамон ислом буд, ки бо ташвиқи муслимин ба илм ва тарвиҷи нашоти ҳаётӣ, руҳи муозидат ва тасомуҳро ҷонишини таассуботи дунёи бостонӣ кард. Ислом бар хилофи раҳбонияти калисо, ки тарк ва инзиворо тавсия мекард, бо тавсияи муслимин ба роҳ ва басти тавсиъа, такомули санъат ва илми инсониро тасҳил кард. Ислом вориди дунёе шуд, ки руҳи тасоҳул ва эътидол дар ҳоли завол буд. Бизонс ва Эрон ду нерӯи бузурги он рӯзи дунё буданд, ки Бизонс бар асари таассуботи масеҳӣ, ки рӯз ба рӯз дар он бештар ғарқ мешуд, ҳар рӯз алоқаи худро беш аз пеш бо илму фалсафа қатъ мекард ва таътили фаъолияти файласуфон ба василаи Жустиниён эъломи қатъи қарибулвуқӯъ байни дунёи Рум бо тамаддун ва илм буд.

Дар Эрон ҳам изҳори алоқаи Хусрави Анӯшервон ба маърифат ва фикр, як давлати мустаъҷил буд ва боз таассуботе, ки Барзуяи табиб дар муқаддимаи Калила ва Димна ба он ишора дорад, ҳар навъ эҳёи маърифатро дар ин сарзамин ғайри мумкин кард. Дар чунин дунёе, ки асири таассуботи динӣ ва қавмӣ буд, ислом нафхаи тозае дамид. Чунон ки бо эҷоди Дорулислом, ки маркази воқеии он Қуръон буд, на Шому на Ироқ, таассуботи қавмӣ ва нажодиро бо як навъ ҷаҳонватанӣ чора кард, дар муқобили таассуботи динии насоро ва маҷус, тасомуҳ ва таоҳуд бо аҳли китоб ва алоқа ба илму ҳаёт ва самараи ин дарахти шигирф, ки на шарқӣ буд на ғарбӣ”.

Профессор Эрнест Конели олмонӣ, устоди ҳунари исломӣ дар донишгоҳи Берлин, лар солҳои 1935 – 1964 дар муқаддимаи китоби Ҳунари исломӣ мегӯяд: “Иштирок дар мӯътақидоти динӣ дар ин ҷо таъсири қавитар аз ончи дар дунёи масеҳият вуҷуд дорад, бар фаъолиятҳои фарҳангии милалаи мухталиф дошааст. Иштирок дар мазҳаб боис шудааст то бар рӯи ихтилофоти нажодӣ ва сунани бостонии миллатҳо пул баста ва аз фарози он на танҳо алоқаҳои маънавӣ, балки ҳатто одоб ва русуми кишварҳои гуногунро ба тарзи ҳайратангезе дар ҷиҳати рӯшан ва мушаххасе ҳидоят намояд, чизе ки беш аз ҳама дар ин феълу инфиол ҷиҳати эҷоди ваҳдат ва посух ба ҷамеи масоили зиндагӣ қотеият дошт, Қуръон буд”.

Шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ дар китоби арзишманди Хадамоти мутақобили ислом ва Эрон, баъд аз нақли ин фароз аз навиштаи профессор Энест Конел, онро таҳсин мекунад ва мегӯяд: “Нуктаи ҷолиб дар баёни ин донишманд ин аст, ки мегӯяд: Мусалмонон аз нажодҳои мухталиф бар рӯи ихтилофоти нажодии худ пул баста буданд. Яъне ислом барои аввалин бор тавонист куллият ва ваҳдати сиёсӣ ва иҷтимое бар асоси ақида ва марому маслак бавуҷуд оварад ва ҳамин амр тасҳилоти зиёде аз лиҳози эҷоди тамаддуни азим ва васеъ бавуҷуд овард”.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шаҳрвандии Олмон ба шарти ба расмият шинохтани Исроил
Эрон: Партоби муваффақиятомези капсули зистӣ

Матолиби пурбоздид