«ФИЛИ СИЁҲ» китоби тозаи Фирдавси Аъзам
Китобнома
Маҷмӯъаи достонҳои кӯтоҳи «Фили сиёҳ» асари тозаи Фирдавси Аъзам, шоир ва нависандаи тоҷик дар Теҳрон аз сӯи интишороти Ноҳунта ба чоп расид.
Ин маҷмӯъа шомили 10 достони кӯтоҳ бо ановини «Осӯхта», «Фили сиёҳ», «Шоҳида», «Кафкӯбӣ», «Зӯзаҳои хомӯш», «Аспҳои ваҳшӣ», «Калид», «Афлесунҳои умед», «Рақси бодкунакҳо» ва «Ҳавопаймо» мебошад.
«Фили сиёҳ» дуюмин маҷмӯъаи достонҳои кӯтоҳи Фирдавси Аъзам пас аз китоби «Навҳаи доркӯб» аст, ки дар соли 2020 тавассути нашриёти Орван мунташир шуда буд.
Достонҳои ин маҷмӯъа даричае ба дунёи ҷадид мегушоянд ва омезае аз жонрҳои воқеъгароии ҷодуӣ, гӯнаи адабии суннатӣ, моҷароҷӯӣ ва мавзӯъоти мухталиф аз ҷумла, достонҳои равоншинохтӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ ҳастанд.
«Фили сиёҳ» асари таъсиргузор аст, ки метавонад мухотабро ба тафаккур дар мавриди дунёе, ки дар он зиндагӣ мекунем, во дорад.
Дар идома ба муаррифии мухтасари чакидае аз достонҳои ин маҷмӯъа мепардозем:
«Фили сиёҳ»: достони равоншинохтӣ дар мавриди мардест, ки бо «филҳо» – и худ рӯбарӯ мешавад…
«Аспҳои ваҳшӣ»: достоне дар мавриди ҷустуҷӯи бепоён барои оромиш дар миёни ҳарҷу марҷи зиндагист…
«Осӯхта»: дидори ғайримунтазираест бо Достоюфский…
«Зӯзаҳои хомӯш»: ривоятгари дугонагии зиндагӣ аст; як тараф муҳаббати инсонҳо ба ҳайвонот ва тарафи дигар хушунату нафрат…
«Рақси бодкунакҳо» : аз рангҳо ва эҳсосот мегӯяд, ҷое, ки қаҳрамони достон дар мувоҷиҳа бо масоили душвори зиндагӣ ба манзумае аз бодкунакҳои рангоранг даъват мешавад…
«Ҳавопаймо»: хонандаро ба сафаре бепоён дар миёни розҳои як шаҳри дар ҳоли дигаргунӣ мебарад…
«Кафкӯбӣ»: достонест аз қудрат, ҷоҳталабӣ ва пажвоки талхи ташвиқ дар қалби сарзамине бостонӣ…
«Калид»: сафари зеҳнии як нависандаи ҷавон аст ба аъмоқи дунёи нависандагӣ ва трожедии торих…
«Шоҳида»: дунёи торику пур аз ранҷи кӯдакони ҷангзадаро нишон медиҳад…
«Афлесунҳои умед»: нағмае аз умеду тобоварӣ дар дунёест, ки сояи ҷанг бар сари мардум сангинӣ мекунад…
Гуфтанист осори ин қаламкаши тоҷик дар нашрияҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Амрико, Инглистон, Олмон, Узбакистон ва маҷаллоту сомонаҳои мухталифу бешумори форсизабон нашр шудаанд. Фирдавс пеш аз ин ки нависанда бошад, ғазалсарои муваффақест ки қолаби ғазалро дар хидмати таъйини аҳдофи иҷтимоӣ қарор дода, дар шеъраш ба дунболи сулҳ, дӯстӣ, озодӣ, хештаншиносӣ, посдошти фарҳангу торихи куҳан ва мавзӯҳои марбут ба иҷтимоъ ва ҳувият аст.
Ёдовар мешавем, ки Фирдавси Аъзам то кунун китобҳои зерро мунташир кардааст:
«Абрҳои обӣ», Тоҷикистон, 2011
«Як бағал ғазал», Эрон, 2014
«Як бағал ғазал», Инглистон, 2015
«Ойини оина», Эрон, 2017
«Навҳаи доркӯб», Эрон, 2020
«Захмҳои шукуфта» Афғонистон, 2022
«Дарё, ғуруб, нам-нами борон», Эрон, 2022
Лозим ба зикр аст, ки маҷмӯъаи ғазалҳои иҷтимоии ӯ «Захмҳои шукуфта» ки соли 2022 дар Кобул нашр гашт, соли 2023 барандаи ҷоизаи «Килки зарин» шуда буд. Ҳамчунин дар соли 2023 асари дигари ӯ бо номи «Дарё, ғуруб, нам-нами борон» шоистаи тақдири ҷоизаи Китоби Соли Алванд (Эрон) гардид.
Алоқамандон ба адабиёти достонӣ, ба вижа достонҳои кӯтоҳ метавонанд «Фили сиёҳ»-ро бо муроҷиа ба сомонаи нашриёти Ноҳунта дар саросари Эрон таҳия кунанд.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: