Фитнаи Омрико, Англис ва ДОИШ дар Яман нақши бар об шуд

Фитнаи Омрико, Англис ва ДОИШ дар Яман нақши бар об шуд

Ахбори байналмилал

Masirahtv

Пас аз ин ки ҳамалоти ҳавоии Омрико ва Ангилис ба мавозеи Яман дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ роҳ ба ҷойе набурд, Вошингтун ва Ландан ин бор ба таҳрики ДОИШ рӯй оварданд, вале нерӯҳои амниятии Яман ин тавтиаро хунсо карданд.

Ба гузориши Алмасира, ниҳодҳои амниятии давлати Наҷоти миллии Яман имрӯз (сешанбе, 20 феврал) аз анҷоми як амалиёти пешдастона дар минтақаи Алхашъа воқеъ дар устони Албайзо (маркази Яман) хабар доданд.

Дар ҷараёни ин амалиёт, минтақаи Алхашъа поксозӣ шуд ва шуморе аз хатарноктарин аносири ДОИШ аз ҷумла чанд саркардаи ин гурӯҳи теруристӣ кушта шуданд.

Ба гуфтаи ин ниҳодҳо, аносири такфирии ДОИШ қасд доштанд тайи рӯзҳои оянда дар Санъо ва чанд устони дигар амалиёти интиҳорӣ анҷом диҳанд; дар воқеъ ниҳодҳои ҷосусии Омрико ва Ангилис ин авомилро таҳрик карда буданд.

Ниҳодҳои амниятии Яман аз шаҳрвандони ин кишвар хост, ки ҳар гуна иқдоми машкуки аносири теруристиро гузориш диҳанд ва таъкид карданд, ки иҷоза нахоҳанд дод амнияти ин кишвар ба хатар биафтад.

Дар идомаи заработи Яман ба Омрико, мақомҳои омрикоӣ сарнагунии як фарванд паҳподи таҳоҷумии ин кишвар тавассути артиши Яман дар осмони ин кишварро таъйид карданд.

Masirahtv

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Намояндаи аршади Ҳамос: “Аҳамияти майдони расона камтар аз майдони набард нест”
Омрико боз ҳам қатъномаи оташбас дар Ғаззаро вето кард

Матолиби пурбоздид