Фитрат аз дидгоҳи Иммануил Кант

Фитрат аз дидгоҳи Иммануил Кант

Амри фитрӣ – яъне виҷдонӣ яъне чизе, ки ҳар инсоне онро дар худ меёбад, инсон бо он сиришта шуда.

Иммануил Кант (Immanuel Kant, 1724-1804), файласуфи шаҳири олмонӣ, умури фитриро ба аҳкоми виҷдонӣ таъбир мекунад. Мегӯяд, виҷдон як силсила аҳкоми қаблӣ аст, яъне аз роҳи ҳиссу таҷриба ба дасти башар нарасида, балки ҷузъи сиришт ва фитрати башар аст. Масалан, фармон ба ин ки рост бигӯ, дурӯғ нагӯ, фармонест, ки қабл аз ин ки инсон таҷрибае дар бораи рост ва ё дурӯғ дошта бошад ва натиҷаи ростӣ ва дурӯғро бибинад, виҷдон ба инсон мегӯяд рост бигӯ, дурӯғ нагӯ.

Инҳо ба таъбири мардум, модарзодӣ ҳастанд. Ба ҳамин далел, фармони ахлоқӣ ба натоиҷ кор надорад, худаш асос аст.

Масалан, мо мегӯем: рост бигӯ, баъд барояш истидлол мекунем, ки: зеро агар инсон рост бигӯяд, мардум ба ӯ эътимод мекунанд, мардум ба гумроҳӣ намеафтанд.

Кант мегӯяд – ва дуруст ҳам мегӯяд – ки виҷдони ахлоқӣ ба ин натоиҷ коре надорад. Ақл чун дунболи маслиҳат меравад, аҳкомаш ҳамеша машрут аст, яъне ҳамеша ба чизе фармон медиҳад ба хотири як маслиҳат. Якҷо мебинед он маслиҳат аз байн рафт. Маслиҳат, ки рафт, ақл ҳам даст аз ҳукми худаш бармедорад. Кант мегӯяд, ҳукми виҷдонӣ ба натиҷа кор надорад. Мегӯяд, рост бигӯ ҳарчанд барои ту натоиҷи зиёновар дошта бошад. Мегӯяд мутлақо рост бигӯ ва мутлақо дурӯғ нагӯ. Виҷдон дастур медиҳад, фармон аз даруни инсон содир мешавад ва ба қавли Ҳофиз:

Дар андаруни мани хастадил надонам кист,

Ки ман хамӯшаму ӯ дар фиғону дар ғавғост.

Дар андаруни мо Худо якчунин қувваи омир ва фармондеҳе қарор дода бо як силсила фармонҳо ва таклифҳо, ки аз даруни мо ба мо фармони ахлоқӣ медиҳад.

Кант мегӯяд, оё ҳаргиз талхии пушаймониро чашидаед? Ҳеч кас нест, ки як кори ғайри ахлоқӣ карда бошад ва баъд худаш талхии он корро начашида бошад. Одам ғайбат мекунад ва дар ҳоле, ки ғайбат мекунад гарм аст, лаззат ҳам мебарад, аммо ҳамин ки ин ҳолат рафъ бишавад, як ҳолати танаффуре аз худаш дар худаш пайдо мешавад, эҳсос мекунад, ки аз худаш танаффур пайдо карда, дилаш мехоҳад худаш аз худаш ҷудо бишавад, худашро маломат ва сарзаниш мекунад. Имрӯз ин ҳолатро “азоби виҷдон” мегӯянд. Аксари ҷинояткорҳо азоби виҷдонро эҳсос мекунанд. Мехоҳад аз худаш фирор кунад. Мавлавӣ мегӯяд:

Як замон танҳо бимонӣ ту зи халқ,

Дар ғаму андеша монӣ то ба ҳалқ.

Мегӯяд, ин ки инсон наметавонад бо худаш хилват кунад, барои ин аст, ки худи воқеиашро аз даст додааст ва наметавонад як лаҳза бо виҷдони худаш ба сар бибарад. Виҷдон мегӯяд: чаро чунин кардӣ? Набояд чунин мекард!

Кант мегӯяд: ин талхиҳои пушаймониҳо, ин азоби виҷдонҳо аз куҷост? Агар чунин фармондеҳе дар даруни инсон намебуд, инсон худаш аз кори худаш розӣ буд ва лоақал дар дарунаш нороҳатӣ надошт, аз берун нороҳатӣ дошт. Вале инсон ҳамеша аз дарунаш эҳсоси нороҳатӣ мекунад. Аз дарун амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мешавад. Сирри девонагиҳои бисёре аз ҷинояткорон, ки ҷиноятҳои фаҷеъ муртакиб мешаванд ва вақте ба худ бармегарданд ончунон нороҳат мешаванд, ки девона мешаванд – ва таърих аз мисли инҳо зиёд суроғ дорад – ҳамин аст. Пас талхии пушаймонӣ, худаш далел бар ин матлаб аст, ки воқеан инсон аз чунин виҷдоне баҳраманд аст.

(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бо табари кунд кунда кафонда намешавад…
Ҷоҳилият аз дидгоҳи Абулаъло Мавдудӣ

Матолиби пурбоздид