Ҷоҳилият аз дидгоҳи Абулаъло Мавдудӣ

Ҷоҳилият аз дидгоҳи Абулаъло Мавдудӣ

Мабоҳиси иҷтимоӣ

Сайид Абулаълои Мавдудӣ, ислоҳгари исломӣ ва поягузори Ҷамоати Исломии Покистон, нахустин бор дар соли 1939 аз вазъи имрӯзи ҷаҳон ба “ҷоҳилияти ҷадид” таъбир кард, ки дар нигоҳи вай, ҳамаи низомҳои ҳукуматӣ ва назариёти сиёсӣ ва иҷтимоии носозгор бо ахлоқ ва фарҳанги исломиро дарбар мегирифт. (Мавдудӣ, Тафҳимул Қуръон, зайли сураи Моида, ояти 50 ва сураи Аҳзоб, ояти 33)

Вай, ҳам ҷаҳони коммунизм ва ҳам дунёи ғарбро мисдоқи ин мафҳум яъне маҷҳуми ҷоҳилият медонист. Орои Мавдудӣ бо тарҷумаи осори муҳимми ӯ ба арабӣ дар даҳаи 1950 дар ҷаҳони араб ривоҷ ёфт.

Шогирди вай, Абулҳасан Алӣ Ҳасани Надвӣ, донишманди ҳиндӣ, дар соли 1950 китобе бо номи “Мозо хасир ал-олам бин-ҳитотил муслимин” навишт ва дар он назарияи “ҷоҳилияти ҷадид”-и Мавдудиро шарҳ дод. Аз ин китоб дар кишварҳои исломӣ истиқболи густурдае шуд ба тавре, ки борҳо таҷдиди чоп ва ба забонҳои гуногун тарҷума шуд.

Надвӣ оламро ба қатори сареъуссайре ташбеҳ кардааст, ки ҷоҳилияти ғарб бо тамоми қувва ва имконот, онро ба сӯи ҳадафи худ пеш мебарад ва мусалмонон низ дар канори соири милали дунё мусофирони беихтиёр ва ногузири онанд.

(Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фитрат аз дидгоҳи Иммануил Кант
Ҳамкориҳои Теҳрон ва Душанбе дар мавзӯи захираҳои обӣ

Матолиби пурбоздид