Фоҷиаи «Луғати тоҷикӣ-русӣ»

Фарҳанг

Фоҷиаи «ЛУҒАТИ ТОҶИКӢ-РУСӢ» дар саҳнаи бошевизм

(аз матлаби устод Абдухолиқи Набавӣ барои «ДОНИШНОМАИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»)

Нахуст дар бораи ин луғат

«Луғати тоҷикӣ-русӣ» нахустин қомуси донишамандони тоҷики мовароуннаҳрӣ дар даврони Шуравӣ будааст, ки бо сарварии Нарзуллоҳи Бектош ва бо ҳамкории донишмандоне ҳамчун Абдулвоҳиди Мунзим ва С. Климчитский мураттаб гардида; мушовири илмии он – эроншиноси маъруф, порфессор А. Семёноф. Кори таълифу тадвини ин фарҳанг соли 1932 поён ёфтааст. Ин қомус асосан бо истифода аз фарҳангҳои машҳури форсии тоҷикӣ – «Бурҳони қотеъ» ва «Ғиёсу-л-луғот» мураттаб гардида, беш аз ҳама вожаҳоеро, ки хосси забони адабии классикӣ будаанд, фарогир будааст, яъне «Луғати тоҷикӣ-русӣ» то ҷое доманаи фарох ва қаробате ба фарҳанги тафсирӣ доштааст.

Дар Ленингроди он замон, дар нахустин конфаронс оид ба омӯзиши ба истилоҳ, қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон, ки аз 10 то 16 апрели соли 1933 ҷараён гирифт, дар қатори дигар луғоти ба чоп омодашуда ва ҳолати фарҳангнависии тоҷикӣ, «Луғати тоҷикӣ-русӣ» низ мавриди муҳокима қарор гирифт, аммо фақат қисми аввали он. Зимнан, дар нишасти мазбур Комиссари маорифи Тоҷикистон, С. Носиров, аз сохтмони мадании Тоҷикистон, ба хусус оид ба масъалаҳои муҳимми илми забоншиносии тоҷик ва адабиёти тоҷикӣ гузориши муфассал додааст. Ва профессор Е. Э. Бертелс низ дар боби «Роҳҳои ба вуҷуд овардани фарҳангҳои тоҷикӣ» суханронӣ намудааст. Ҳам Бертелс ва ҳам дигар донишмандони ҳозир дар ин нишаст пиромуни сифати луғатҳои омодаи чоп – луғати русӣ–тоҷикӣ, луғати тоҷикӣ–русӣ ва усулҳои тартиб додани луғати тафсирии тоҷикӣ, луғоти соҳавии истилоҳоту имло, зарурати омода сохтани фарҳанги вожаҳои таърихӣ ва луғати амалии забони тоҷикӣ табодули назар кардаанд.

 

ҲАМЛА БА «ЛУҒАТИ ТОҶИКӢ-РУСӢ» ВА МАҲВИ ОН

Дар ин нишаст фарҳанги накуҳишу саркӯби худкомагон ҷойгузини баррасию арзёбии илмию мунсифонаи ин қомус гардид. Аз рӯйи маълумоти проф. Е. Бертелс, ҳаҷми «Луғати тоҷикӣ-русӣ» хеле бузург, тақрибан фарогири сад ҳазор вожа будааст ва дар таҳрири қисми аввали он сӣ дарсади мадхалҳо (ҳудуди сӣ ҳазор калима) ихтисор шудааст. Ба гуфтаи Бертелс, «Луғати тоҷикӣ-русӣ» калимаҳои камистеъмол ва низ вожаҳои хоссу маъмули адабиёти пешинаи форсӣ, истилоҳҳову таъбирҳои динию мазҳабӣ, фалсафӣ ва ирфонӣ, вожаҳои тахассусӣ, калимоти арабӣ ва ғ.-ро фаро гирифтааст. Е. Бертелс таъкид кардааст, ки дар ин асар истилоҳҳои фиқҳу ҳуқуқи шаръӣ (шариат), таъбирҳои хосси исмоилиия ва вожаҳои мансуб ба ин ҷараён, номҳои пайғамбарон, шоҳон ва шумори зиёде аз калимоти арабӣ ҷой дода шудаанд. Ва маҳз ҳамин кори мураттибон боиси эътирози сахти Бертелс гашта, ҳамон сӣ дарсад (ё ки сӣ ҳазор калима)-ро аз ҳисоби ҳамин қабил вожаҳо аз қисми якуми луғати мазкур ихтисор кардааст.

Ин таҳрир ва интиқоди Бертелс заминаи ковоки илмӣ ва аслан ангезаи сиёсӣ дошт. Далели ӯ он будааст, ки муаллифон дар гузиниши мадхалҳо аз матбуоти ҷадид истифода накардаанд ва аксари мадхалҳо куҳнаву нолозиманд, аз ҷумла «дар ин луғат калимаҳое аз қабили «болшевик» мавҷуд нестанд». Ҳол он ки дар қомусе ҳамчун тоҷикӣ ба русӣ вожаи «болшевик» мантиқан наметавонад мадхал шавад. Дар фарҷом Е. Бертелс иброз медорад, ки ин фарҳангро дар ин шакл набояд чоп кард ва онро «аз нав, аз рӯи принсинҳои ба куллӣ дигар тартиб додан лозим аст».

Суханвари дигар – В. Забиров, агарчи ба нолозим будани чандин вожа дар ин луғат таъкид кардааст, вале боз ҳам ишора мекунад, ки мо аз тартиб додани қомуси вожаҳои таърихӣ, ки на аҳаммийяти (маънои) калимаҳои зинда, балки мазмуни дар замони пешина истифода мешударо шарҳ медода бошад, масъала ба миён хоҳем гузошт; ин гуна луғат бо гузашти вақт ба мо лозим мешавад.

Дар иртибот ба ин мавзуъ, академик А. Фрейман, тадвини чунин фарҳанги ҷомеъеро, ки ҳамаи сарвати забони форсии тоҷикиро фаро гирад, аз амалҳои шоён шумурда, иброз доштааст, ки «дар байни маводди луғат як миқдор калимоте ҳастанд, ки барои таърихи забон бисёр арзишманданд. Ин вожаҳо то ба ин рӯз дар ҳеч фарҳанги форсӣ қайд нашудаанд ва танҳо хосси забони тоҷикӣ мебошанд; боиси таассуф аст, агар ин вожаҳо аз луғат берун партофта шаванд. Бино бар ин, луғатро такмил карда, нодаркорашро ихтисор намуда, мувофиқи эҳтиёҷ ва зарурати ҳассосе, ки нисбат ба луғатҳо дар Тоҷикистон ҳаст, онро нашр кардан лозим аст».

Аммо дар ин муҳити солҳои 1930-и Шуравӣ идеологияи сиёсӣ аз ҳуққаи илмӣ бартар буд. Бар ин асос, суханвари дигар – проф. В. А. Заленко, қотеъона ба заҳмати мураттибони ин қомус хатти бутлон кашид, ки ба гуфтаи ӯ, дар ҳар китобе, аз ҷумла дар фарҳангҳо низ бояд сиёсати миллии ленинӣ бозтоб гардад ва «ҳар кӣ луғатро бо калимаҳои пайғамбар ва подшоҳ ифлос мекунад, ҳар нокасе, ки фаҳмида ё нафаҳмида чунин мафҳуме монанди «болшевик» ва «болшевизм»-ро фаромуш мекунад, ҳамоно наметавонад муаллифе бошад, ки тавон ба ӯ бовар намуд… ва луғате, ки бе ҷойгир карда шудани ин калимаҳо (болшевик ва болшевизм) чоп шавад, онро маҳв кардан даркор аст, зеро ки чунин луғат – луғати Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Сотсиалистии Шӯроӣ намешавад». Суханронии Комиссари маорифи халқи ҶСШ Тоҷикистон, С. Носиров, поёни кори пурранҷу нокомонаи нигорандагони ин фарҳанг гардид. Носиров мураттибони «Луғати тоҷикӣ-русӣ»-ро ба унвони унсурони бегона ва душманони синфие ёд кард, ки гӯиё мехостанд, мафкураи бегонаи синфиро ба он кашида биёранд ва ба гуфтаи ӯ, ба амали мураттибон ташкилотҳои ҳизбӣ ва давлатии Тоҷикистон баҳои мувофиқ доданд. Ҳамин тариқ, соли 1932, дар нишасти Ленинград «Луғати тоҷикӣ-русӣ» дар сояи чунин ҷидолҳои сиёсӣ, пеш аз он ки мунташир гардад, маҳв карда шуд.

Ад.: Е. Э. Бартельс. Пути создания таджикских словарей. // «Прблемы Таджикистана», Л., 1934; Набавӣ (Набиев) А. Нарзуллои Бектош ва илму адаби тоҷикии солҳои 20-30. Д., 2004.

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

«Фарҳанги Онандроҷ»
Раҳбари Ансоруллоҳ: “Ду миллион исроилӣ аз сарзаминҳои ишғолӣ овора шудаанд” Ахбори байналмилал Farsnews

Матолиби пурбоздид