Футуввату ҷавонмардӣ
Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ (р) дар “Сад майдон”-и худ гӯяд:
“Футувват, ба ҷавонмардӣ ва озодагӣ зистан аст. Ва футувват се қисм аст: қисме бо худ ва қисме бо халқ ва қисме бо Ҳақ.
1) Қисми Ҳақ он аст, ки ба тавони худ, дар бандагӣ бикӯшӣ;
2) Ва қисми халқ он аст, ки ба айбе, ки аз худ донӣ, эшонро наяфканӣ ва нагӯӣ;
3) Ва қисми худ он аст, ки тасвил (оростан)-и нафси хеш ва оройиши вай напазирӣ.
Нишони қисми Ҳақ се чиз аст:
1) Аз ҷустани илм сер наёбӣ;
2) Ва аз ёди Вай наёсоӣ;
3) Ва ба сӯҳбат бо некон пайвандӣ.
Ва қисми халқро се нишон аст:
1) Он чи аз эшон надонӣ, занн (гумон) набарӣ;
2) Ва он чи донӣ, бипӯшӣ;
3) Ва бадони мӯъмининро шафеъ бошӣ.
Ва қисми худро се нишон аст:
1) Ба ҷустани айби хеш пардозӣ;
2) Ва неъмати сатр бар худ бинӣ, (яъне ин неъматро бидонӣ, ки Худованд айбҳоятро мепӯшад);
3) Ва аз тарс наёсоӣ.
(Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, “Сад майдон”, майдони футувват)
Ва ҳам ӯ дар мурувват ва мардонагӣ гӯяд:
“Аркони мурувват се чиз аст:
1) Зиндагонӣ кардан бо худ ба ақл;
2) Ва бо халқ ба сабр;
3) Ва бо Ҳақ ба ниёз.
Нишони зиндагонӣ кардан бо худ ба ақл, се чиз аст:
1) Қадри худ бидонистан;
2) Ва андозаи кори худ дидан;
3) Ва дар хайри хеш бикӯшидан.
Ва нишони зиндагонӣ кардан бо халқ ба сабр, се чиз аст:
1) Ба тавоноии эшон, аз эшон розӣ будан,
2) Ва узрҳои эшонро бозҷустан;
3) Ва доди эшон аз тавоноии худ бидодан.
Ва нишони зиндагонӣ кардан бо Ҳақ ба ниёз, се чиз аст:
1) Ҳар чӣ аз Ҳақ ояд, шукри воҷиб бар он;
2) Ва ҳар чӣ аз баҳри Ҳақ кунӣ, узри воҷиб дидан;
3) Ва ихтиёри Ҳақро савоб (дуруст) дидан.”
(Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, “Сад майдон”, майдони мурувват)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн