Хислатҳои нек дар зиндагии хонаводагӣ

Хислатҳои неки ахлоқӣ дар зиндагии хонаводагӣ

Бахши аввал: Имон ва тақво

Сабки зиндагӣ

Аввалин унсуре, ки барои тавфиқ дар як зиндагии муштарак барои зану мард лозим аст, имон ва тақвост.

Марде, ки ба Худо ва қиёмат имон дорад, ҳаргиз дар паи корҳои хилофи шаръ ва ҳавасбозӣ, ки бунёни хонаводаро вайрон карда ва ҷуз табоҳӣ ҳосили дигаре надорад, нахоҳад рафт.

Марди боимон ва ботақво дар беруни хона, ба номуси мардум чашм намедӯзад ва ба зане ғайр аз ҳамсари худ дил намебандад, то ишқу алоқаашро дар ҷои дигар харҷ накунад.

Дар ривоёт омадааст: “Ҳар гоҳ шахси динмадор ва хушхулқ барои хостгорӣ назди шумо омад, бо ӯ мувофиқат кунед”.

Ҳамин тавр, дар баъзе ривоёт аз издивоҷ бо одами бебанду бор ва шаробхор наҳй шудааст ва дар бархе аз ривоёт, ба ин нукта таваҷҷӯҳ шудааст, ки зан бо издивоҷ, худро дар ихтиёри шавҳар қарор медиҳад ва бинобар ин, ба диққат бингаред, ки духтари худро ба чӣ касе месупоред.

Ҳамин тавр зани боимон ва папҳезгор, чашм ба ғайри шавҳари худ надорад ва дар доми ҳавас ва шайтон гирифтор намеояд ва чун вазоифи хонадорӣ ва тарбияти фарзандро барои ризои илоҳӣ ва ба қасди қурбат ва хидмат анҷом медиҳад, аз мушкилоти он наҳаросида ва шона аз зери бори он холӣ намекунад, балки бо ишқу алоқа ба он мубодират меварзад.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дӯстгонӣ
Маънии мафҳуми тоҷик дар мутуни таърихӣ

Матолиби пурбоздид