Холид Машъал: “Шароит фароҳам бошад, тамоми ғайринизомиёни исроилӣ озод мешаванд”

Холид Машъал: “Шароит фароҳам бошад, тамоми ғайринизомиёни исроилӣ озод мешаванд”
Ахбори байналмилал
Холид Машъал, раҳбари Ҳамос дар хориҷ таъкид кард, дар сурате, ки шароит муҳайё ва муносиб бошад, тамоми ғайринизомиёни исроилӣ дар Ғазза озод хоҳанд шуд.
Машъал ин суханонро дар гуфтугӯ бо шабакаи Sky News баён кард.
Суханони Машъал дақоиқе пас аз он сурат мегирад, ки гурдонҳои Қассом, шохаи низомии ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос), эълом кард, ки ин гурдонҳо шомгоҳи душанбе ду асири саҳюнистро бо ангезаи башардӯстона озод кардааст.
Абӯубайда бо баёни ин ки режими саҳюнистӣ ҳеч арзише барои мавзӯъи асирони худ қоил нест, афзуд: “Ба иллати бемории шадид ва ангезаи башардӯстона ва бо вуҷуди он ки режими саҳюнистӣ беш аз 8 бор тавофуқе, ки бо тарафҳои миёнҷигар бар сари он барои таҳвили ин ду асир тавофуқ шуда буд зери по гузошта буд, аммо тасмим гирифтем, ки билохира онҳоро озод кунем”.
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Амири Қатар: “Сиёсати як бому ду ҳаворо намепазирем” 
Туркия аз Исмоил Ҳания хостааст, Туркияро тарк кунад

Матолиби пурбоздид