Амалиётҳои муқовамати Фаластин алайҳи артиши ишғолгар дар Рафаҳ ва Карам Абӯсолим

Амалиётҳои муқовамати Фаластин алайҳи артиши ишғолгар дар Рафаҳ ва Карам Абӯсолим

Ахбори байналмилал

Муқовамати Фаластин ҳамзамон бо пешравии низомиёни исроилӣ дар шарқи Рафаҳ барои ба даст гирифтани контроли гузаргоҳи ин шаҳр, ду амалиёт алайҳи мавозеи ишғолгарон анҷом доданд.

Ба гузориши хабаргузории форс

Гурдонҳои Қассом – шохаи низомии Ҳамос ҳамзамон бо пешравии маҳдуди низомиёни исроилӣ дар Рафаҳ ва иддаои ба даст гирифтани контроли бахши фаластинии гузаргоҳи Рафаҳ, эълом кард, ки нерӯҳои исроилии дар ҳоли нуфуз ба шарқи ин гузаргоҳро ҳадаф қарор додааст.

Дар баёнияи гурдонҳои Қассом бидуни ишора ба ҷузъиёти бештар омадааст, ки бо мушакҳои кӯтоҳбурди 114 милиметрии “Раҷим”, таҷаммӯъи низомиёни исроилӣ дар шарқи Рафаҳ ҳадаф қарор гирифт.

Аз рокетҳои 114 милиметрии “Раҷим” барои ҳадаф қарор додани истеҳкомот ва таҷаммӯъи низомиёни саҳюнист ва набардҳои наздики заминӣ ва чарикӣ истифода мешавад.

Пас аз он шохаи низомии ҷунбиши Фатҳ – гурдонҳои Шуҳадои Ақсо низ тай баёнияе эълом кард, ки таҷаммӯъи низомиёни исроилиро бо хумпораҳои сангин дар пойгоҳи низомии Карам Абӯсолим ҳадаф қарор додааст.

Дар шарқи ин пойгоҳи низомӣ ахиран як мақарри фармондеҳӣ бо ҳадафи идораи амалиёти бомбборон устони Рафаҳ аз ду ҳафта пеш ва барномарезӣ барои амалиёти заминӣ ба Рафаҳ эҷод шуда ва афсарони Шобок ва женеролҳои артиш дар он фаъолият доранд. Амре, ки мӯҷиб шуд гурдонҳои Қассом чанд рӯз пеш бо мушакҳои “Раҷим” онро ҳадаф қарор диҳад ва мӯҷиби кушта ва захмӣ шудани дастикам 14 низомии исроилӣ шавад.

Гурдонҳои Қассом имрӯз ҳамчунин эълом кард, ки як тонки “Меркава”-и режими Исроилро бо мушаки “Ёсин 105” ба оташ кашидааст ва бо шуморе аз низомиёни исроилӣ дар маҳаллаи Ашшавка дар шарқи Рафаҳ даргир шудааст.

Муқовамати Фаластин пеш аз ин ба низомиёни ишғолгар дар бораи пешравӣ дар Рафаҳ ва ғофилгирии низомиёни он ҳушдор дода буд.

Бо ин вуҷуд артиши ишғолгар имрӯз тай баёнияе иддаъо кард, ки нерӯҳои типи 401 контроли бахши фаластинии гузаргоҳи Рафаҳро ба даст гирифта ва иртиботи ин гузаргоҳ бо меҳвари Салоҳуддинро қатъ кардааст.

Ин артиш ҳамчунин иддаъо кард, ки то кунун 20 нерӯи муқоваматро ба шаҳодат расондааст ва нерӯҳои ин тип дар ҳоли гаштзанӣ дар манотиқи таҳти контроли худ ҳастанд.

Farsnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Афроди муваффақ рӯъёҳои бузурге доранд
Ҳамалоти Ҳизбуллоҳ ба Исроил

Матолиби пурбоздид