Хонаводаҳо ва низомиёни амрикоӣ аз минтақа хориҷ мешаванд

Хонаводаҳо ва низомиёни амрикоӣ аз минтақа хориҷ мешаванд

Ахбори байналмилал

Амрико оғоз ба холӣ кардани пойгоҳҳои низомии худ дар Ғарби Осиё (кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс  ё ҳамон Ховари Миёна) кардааст.

Ин иқдом ба хотири ҳамлаҳои Эрон сурат гирифта ва Амрико низомиён ва хонаводаҳои онҳоро дар ҳоли кӯч додан аз ин минтақа аст.

То алон аз Баҳрайн, 1500 низомӣ ва хонаводаҳои онон берун бурда шудаанд.

Гуфта мешавад: Неруи Дарёии Амрико ба низомиён дастур додааст, фақат лавозими зарурии худро бо худ бардоранд ва зудтар қароргоҳҳоро тарк кунанд.

Тавре ки дар боло гуфта шуд, ин иқдом ба далели ҳамлаҳои ҷавобии Эрон анҷом мешавад.

Ин хабар дар ҳоле пахш мешавад, ки Амрико дар рӯзҳои ахир, чандин бор, таҳдид ба вуруди пиёданизом ба минтақа карда буд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Посухи Сафорати Эрон дар Англис хитоб ба масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо
Пизишкиён: Сукут дар баробари ҷинояткорон, товонҳои бузурге дорад

Матолиби пурбоздид