Худхоҳӣ

Худхоҳӣ
Худхоҳӣ як хӯю хислати шайтонӣ аст ва бо ин ки ҳамагон зишту нописандаш медонанд, аммо мутаассифона бештари инсонҳо гирифтори онанд ва ғолибан худашон ҳам мутаваҷҷеҳ нестанд, ки гирифтораш ҳастанд.
Решаи тамоми гирифториҳои башарият – аз Одам то ба Хотам – ҳамин худхоҳӣ аст. Худхоҳӣ яъне маният, яъне ин ки ту худро меҳвар қарор бидиҳӣ; меъёри арзёбиҳо ва мавзеъгириҳоят – чӣ дар арсаи дин, чӣ дар арсаи иҷтимоъ, чӣ дар арсаи сиёсат ва ғайра – “ман” бошад. “Хуб” назди ту ҳамон бошад, ки бо нафсат ва ҳавоят ҳамоҳанг аст; “бад” пешат он бошад, ки ҳавову нафсат онро носозгор бинад; меъёри “дӯстӣ” ва “душманӣ”-ҳоят шахси ту бошад, на чизе дигар.
Ҳатто мусалмоне, ки гумон мекунад барои Худо мавзеъ гирифтааст, вақте диққат мекунед, мебинед, ки ин “маният” ва худхоҳӣ ва худшефтагӣ ва худбиниаш аст, ки водораш карда мавзеъ бигирад, на Худо.
Инсон пеш аз ҳама чиз ва дар дараҷаи аввал, бояд худашро бисозад, “маният”-у “худхоҳӣ”-ҳоро ҳаддалмақдур бояд аз худаш дур кунад. Агар мусалмон аст, пеш аз ин ки ба дигарон чизеро тавсия кунад, аввал чанд соате бо худаш халват кунад ва бибинад, ки оё воқеан барои Худо мавзеъ мегирад?! Оё воқеан онҷо, ки ба номи ислом алайҳи ину он ҳарф мезанад, ин ҳарф заданҳо барои Худост?! Ё мисли шайтон замираш мегӯяд, “ана хайрун минҳу…”?
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оғози нишасти руасои дафотири миллии Итерполи Осиёи Миёна дар Душанбе
Мақоми исроилӣ: Эҳтимолан Исроил имсол суқут мекунад

Матолиби пурбоздид