Эъломи омодагии Эрон ва Арабистони Саудӣ барои боло бурдани равобити низомӣ

Эъломи омодагии Эрон ва Арабистони Саудӣ барои боло бурдани равобити низомӣ
Холид бен Салмон, вазири дифоъи Арабистони Саудӣ, аз тасмими кишвараш бар боло бурдани ҳамкориҳои низомӣ бо Ҷ И Эрон хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Форс, сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Холид бен Салмон, вазири дифоъи Арабистони Саудӣ, перомуни мавзӯъоти мавриди алоқа ба сурати телефонӣ гуфтугӯ карданд.
Бар пояи ин гузориш, сарлашкар Боқирӣ дар ин гуфтугӯ, бо изҳори хурсандӣ аз густариши равобити дӯстона байни ду кишвар ва қадрдонӣ аз давлати Арабистони Саудӣ барои мизбонии Иҷлоси фавқулъодаи сарони кишварҳои исломӣ, омодагии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро барои боло бурдани равобити низомӣ байни ду кишвар эълом кард.
Вазири дифоъи кишвари Арабистони Саудӣ низ дар ин гуфтугӯ, аз иртиқои сатҳи ҳамкориҳои нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар истиқбол кард.
Бар асоси ин гузориш, масоили муҳимми ҷаҳони ислом, аз дигар меҳварҳои ин гуфтугӯ буд.
Дар поён низ тарафайн аз якдигар барои сафар ба кишвари худ даъват ба амал оварданд.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Омодабоши гурдонҳои Қассом барои аз саргирии ҷанг бо режими саҳюнистӣ
Чаро Исроил эҷод шуд?

Матолиби пурбоздид