Хунсо кардани амалиёти ҷосусии Омрико ва Исроил дар Яман

Хунсо кардани амалиёти ҷосусии Омрико ва Исроил дар Яман

Ахбори байналмилал

Masirahtv

Алмасира имрӯз (душанбе, 6 май) аз хунсосозии амалиёти ҷосусии Омрико ва режими саҳюнистӣ ва дастгирии ҷосусон ва эътирофоти онҳо мунташир кард.

Ба гузориши Алмасира

Ниҳодҳои амниятӣ ва иттилоотии Яман ҷосусҳоеро, ки барои Омрико ва режими саҳюнистӣ фаъолият мекарданд, дастгир карданд. Бар асоси ин гузориш, ин муздурон аз тариқи афсарон ва аъзои як ниҳоди иттилоотии мавсум ба “Нерӯи 400” ба хидмат гирифта шуда ва таҳти фармони як фарди таҳти таъқиб ба номи Аммор Аффош буданд.

Маъмурияти ин ҷосусон ҷамъоварии иттилоот ва расади марказҳои низомии вобаста ба нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар соҳили ғарбии кишвар ба нафъи душмани омрикоӣ ва исроилӣ буд.

Ин ҷосусҳо пас аз дастгирӣ эътироф карданд, ки иттилооти лозим дар бораи маконҳои шиллики мушакҳо ва паҳподҳои Яман алайҳи мавозеъи саҳюнистҳо ва маҳалли қоиқҳои нерӯҳои мусаллаҳро дар ихтиёри душмани омрикоӣ-исроилӣ қарор медоданд. Ин афрод мушаххасоти маконҳои мазкурро ба оперотурҳои худ дар “Нерӯи 400” мефиристоданд, то ин маконҳо тавассути ҳавопаймоҳои душмани омрикоӣ ва ангилисӣ ҳадаф қарор гиранд.

Бар асоси эътирофоти ин ҷосусон, маъмурияти дигари онҳо анҷоми корҳои харобкоронае чун тахриб ва сӯзондани худравҳо ва таҷҳизоти нерӯҳои мусаллаҳ ва амниятӣ ва терури нерӯҳои мусаллаҳ бо ҳадафи мунҳариф кардани онҳо аз аҳдофи таъйиншуда ва зарба задан ба ҷабҳаи дохилӣ ва бесубот кардани ҷомеаи яманӣ буд.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фақри фарҳангӣ ҳамон ҷоҳилият аст
Ҳамос музокирот бо Исроилро ба ҳолати таълиқ даровард

Матолиби пурбоздид